Интиқоди фаъоли сиёсии Афғонистон аз мушорикати андаки занон дар фароянди тасмимгириҳо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i72598-Интиқоди_фаъоли_сиёсии_Афғонистон_аз_мушорикати_андаки_занон_дар_фароянди_тасмимгириҳо
Узви пешини Маҷлиси намояндагони Афғонистон хостори мушорикати бештари бонувон дар фароянди тасмимгириҳо шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Август 26, 2021 09:49 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди фаъоли сиёсии Афғонистон аз мушорикати андаки занон дар фароянди тасмимгириҳо

Узви пешини Маҷлиси намояндагони Афғонистон хостори мушорикати бештари бонувон дар фароянди тасмимгириҳо шуд.

Фавзия Кӯфӣ зимни интиқод аз баргузории нишастҳо бидуни ҳузури занон дар Кобул, мегӯяд, занон бояд дар тасмимгириҳо мушорикат дода шаванд.

Узви пешини Маҷлиси намояндагони Афғонистон афзуд, бидуни ҳузури занон, сохтори ҳукӯмати ояндаи Афғонистон такмил намешавад.

Ӯ таъкид кард, занони афғон беш аз гузашта ниёз ба иттиҳод ва ҳамфикрӣ доранд.

Вай изҳор кард, бонувони афғон бояд бо ҳамбастагии бештар ҷойгоҳ худро дар кишвар тасбит кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки бархе занон дар Кобул аз Толибон мехоҳанд, ки занонро ҳамонанди мардон, дар тамоми масоили кишвар саҳим кунад.

Аммо мақомоти Толибон пеш аз ин гуфта буданд, занон фақат дар чорчӯби қавонини исломӣ, метавонанд дарс бихонанд ва кор кунанд.

Дар ҳамин ҳол, фаъолони ҳуқуқи зан бо ибрози нигаронӣ аз вазъияти кунунӣ ҳам мегӯянд, занон ҳамонанди мардон метавонанд дар канори давлатмардон барои беҳбуди вазъияти кишвар фаъолият кунанд.

Витрия Саидӣ, фаъоли ҳуқуқи зан гуфт:, мутолибаи занони афғон аз ҳукумати ояндаи Афғонистон ин аст, ки бистарро барои фаъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоии занон фароҳам кунад.

Дар ин миён бархе аз пажӯҳишгарони сиёсӣ низ муътақид ҳастанд, мардуми Афғонистону ҷомеъаи ҷаҳонӣ бидуни ҳузури занон ҳеҷ ҳукуматеро ба расмият намешиносанд.

Ториқ Фарҳодӣ, пажӯҳишгари масоили сиёсӣ баён кард, ҳукумати ҳамашумӯл дар Афғонистон низоми сиёсие аст, ки намояндагони занон ва тамоми ақвоми Афғонистон дар он саҳим бошанд.