Беиттилоии Кохи Сафед аз сафари ду узви Конгресс ба Афғонистон
Сухангӯи Кохи Сафед эълом кард, аз сафари ду узви Конгресс ба Афғонистон беиттилоъ будем.
Рӯзномаи Ню-Йорки Таймс гузориш дод, сафари Сет Молтен, демократ ва Питер Мейджор ,ҷумҳурихоҳ ду намояндаи қонунгузори Амрико дар ҳоле ба сӯрати махфиёна ба Афғонистон анҷом шуд, ки Амрико барои хориҷ кардани шаҳрвандони худ ва ҳамчунин паноҳҷӯёни афғон таҳти фишор аст. Ин ду қонунгузори Амрико ахиран аз давлати Байден дар мавриди раванди хориҷ кардани шаҳрвандони амрикоӣ ва хориҷӣ аз Афғонистон интиқод карда буданд.
Ҷен Саки, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо баёни инки аз сафари ду узви Конгресс ба Афғонистон беититлоъ будем, афзуд, тамаркуз, аҳдофу манобеи мо бояд бар тахлияи шарикони афғонистонӣ ва шаҳрвандони амрикоӣ мутамарказ бошад.
Пеш аз ин низ, Ҷон Кирби, сухангӯи Пентагон эълом кард, вазорати дифои Амрико аз сафари ин ду намоянда беиттилоъ будааст ва сафари онҳо боиси эҷоди ихтилол дар анҷоми маъмурияти нерӯҳои Амрико дар Афғонистон шуд.
Гурӯҳи Толибон 15 август вориди Кобул шуду давлати Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон суқӯт кард. Таҳлилгарон тасаллути Толибон бар Кобулро ба манзалаи хотимаи ишғолгарии 20 солаи Амрико ва дигари кишварҳои ғарбӣ ба баҳонаи бозсозии Афғонистон ба шакли матлуби ҷаҳони Ғарб медонанд.