Ассанж: Иҷозаи пирӯзӣ ба Трампро намедиҳанд
Бунёнгузорони вебсайти ифшогарии “Викиликс” гуфт, ба номзади раёсати ҷумҳурии 2016-и Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ иҷоза дода намешавад, дар ин интихобот ба пирӯзӣ бирасад.
Ҷулиан Ассанж, (Julian Paul Assange) дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо шабакаи “Рашатудей”, ки қарор аст рӯзи шанбе пахш шавад, дар бораи иттиҳомоти густардаи матраҳшуда аз сӯйи ҳомиёни Ҳиллари Клинтон аз Ҳизби демократ ва расонаҳои ғарбӣ дар ин бора, ки “Викиликс” дар талош барои таъсиргузорӣ бар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ба нафъи Доналд Трамп аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ аст, онро рад кард ва афзуд, ба ақидаи вай ба Трамп иҷоза дода намешавад дар интихобот ба пирӯзӣ бирасад, зеро Трамп як дастгоҳи сиёсиро дар канори худ намебинад.
Ассанж гуфт, бонкҳо, иттилоот, ширкатҳои таслеҳотӣ, пули хориҷӣ ва ғайра ҳамагӣ дар ҳимоят аз Ҳиллари Клинтон басиҷ шудаанд.
Муассиси “Викиликс” таъкид кард, ҳомиёни молии Ҳиллари Клинтону гурӯҳи террористии ДИИШ яке ҳастанд ва ҳаргиз иҷоза дода намешавад Трамп ба унвони раиси ҷумҳурии Амрико интихоб шавад.
Ҷулиан Ассанд ҳамчунин Ҳиллари Клинтонро ба гумроҳ кардани зеҳнҳои умумии Амрико дар бораи сатҳи ҳақиқии ҳимояти ҳампаймонони Вашингтон дар Ховари миёна аз ДИИШ муттаҳам кард.
Ҳиллари Клинтон дар эмейле дар соли 2014, ки “Викиликс” онро фош кард, аз Ҷон Подеста, мушовири собиқи Барак Абама, раиси ҷумҳурии Амрико хоста буд то бар Қатару Арабистони Саудӣ, ки аз ДИИШ дар Ироқу Сурия ва дигар гурӯҳҳои ифротии ҳимоятҳои пинҳони молӣ ва лоҷестикӣ мекунанд, фишор ворид кунад. Ассанж таъкид кард, ки дар ин эмейл комилани возеҳ мушаххас шудааст, ки ин режими Саудӣ ва ҳукумати Қатар ҳастанд, ки ДИИШ-ро таъмини молӣ мекунанд.