Сентябр 05, 2021 09:58 Asia/Dushanbe
  • Русия : Амрико дар паи интиқомҷӯӣ аз афғонҳост

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Русия гуфт : Амрико ба далели шикасти бузурги худ дар Афғонистон дар паи интиқомҷӯӣ аз афғонҳост .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мария Захарова дар гуфтугӯ бо радиои Русия гуфт : Мақомоти Амрико эълом кардаанд, ки ба далели ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи Кобул ки бар асари он шуморе аз низомиёни Амрико кушта шудаанд интиқом хоҳанд гирифт .
Ин мақом афзуд: Бояд ба ин нукта тавваҷуҳ дошт, ки бахши умдае аз касоне ки дар он амали террористӣ ҷони худро аз даст доданд, атбоъи Афғонистон буданд .
Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия гуфт : Бояд мутазаккир шуд ки Амрико барои интиқомгирӣ дар Афғонистон ҳузур дошт ва дар тӯли 20 соли маъмурияти худ интиқом гирифтааст .
Ҳафтаи гузаштаи рӯзи панҷшанбе дар паи ду инфиҷор, яке дар муқобили фурудгоҳи Кобул ва дигаре дар меҳмонхонаи Борон мақомоти пизишкии Афғонистон эълом карданд талафоти ду инфиҷори интиҳорӣ дар наздикии фурудгоҳи Кобул камаш 170 нафар аз ҷумла 13 амрикоӣ кушта шудаанд.
Амрикову муттаҳидонаш пас аз бисти соли ҳузури низомии шикастхурда дар ҳоле аз Афғонистон ақибнишинӣ мекунанд, ки ин лашкаркашӣ самарае ҷуз густариши тероризм, ҷанг, хушунат, бесуботӣ ва ноамнӣ ва куштори даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар надоштааст.



Бештар бихонед :

 

Барчасп