Сентябр 08, 2021 15:48 Asia/Dushanbe
  • Қатъи барқи беш аз 416 ҳазор нафар дар иёлати Луизианаи Амрико

Бо вуҷуди гузашти 10 рӯз аз тӯфон дар Амрико, беш аз 416 ҳазор нафар дар иёлати Луизиана ҳамчунон дар тӯли сооти рӯз бо қатъ шудани барқ мувоҷеҳ ҳастанд.

То сешанбе беш аз 416 ҳазор нафар дар иёлати Луизиано бо мушкили қатъи барқ мувоҷеҳ будаанд.

Дар ҳамин ҳол, то кунун дар Ню –Орлиан мақомот тавонистанд фақат 60 дарсад аз барқи ин шаҳрро васл кунанд.

Минтақаи шимоли шарқии Амрико дар ҳафтаи гузашта шоҳиди селу борандагии шадиди ношӣ аз туфони Ойдо буд, ки то кунун танҳо дар минтақаи шимолӣ, ҷони 45 нафарро гирифта ва дар ҳашт иёлати Амрико дар маҷмӯи шумори кушташудагон ба беш аз 60 тан расидааст.

Оидо хисоратҳои ҷиддӣ монанди қатъи барқ, таваққуфи парвози ҳавопаймоҳо, қатъи оби лӯлакашӣ ва камбуди бензину оби ошомиданӣ дар иёлати Луизиано ба ҳамроҳ доштааст.

Ҳамчунин ин тӯфон ҷони 15 нафарро дар иёлати Луизиано гирифтааст.

Туфони оидо ҳамчунин аз авохири чаҳоршанбешаби гузашта ба вақти маҳаллӣ боиси ҷорӣ шудани сели ногаҳонӣ ва ихтилол дар убуру мурур дар бахшҳое аз Амрико, аз ҷумла Ню-Йорк ва Ню-Ҷерсӣ шудааст.

Боронҳои селосои ношӣ аз тӯфони оидо метрои Ню-Йоркро ғарқ дар об кард ва муҷиби ихтилол дар ҳамлу нақли шаҳрӣ ва таътилии бисёре аз истгоҳҳои метро ва саргардонии шаҳрвандони бисёре шуд.

 

 

Барчасп