Эътирофи Барак Обама ба асароти манфии мудохилаҳои низомии Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i7339-Эътирофи_Барак_Обама_ба_асароти_манфии_мудохилаҳои_низомии_Амрико
Раисиҷумҳури Амрико эътироф кард, мудохилаҳои низомии Амрико паёмадҳои манфӣ ба думбол дошта, ки мӯҷиби бурузи мушкилоти бисёр зиёде шудааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 05, 2016 18:55 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Барак Обама ба асароти манфии мудохилаҳои низомии Амрико

Раисиҷумҳури Амрико эътироф кард, мудохилаҳои низомии Амрико паёмадҳои манфӣ ба думбол дошта, ки мӯҷиби бурузи мушкилоти бисёр зиёде шудааст.

Барак Обам, рӯзи ҷумъа дар мусоҳибае телевизионии бо шабакаи “MSNB” гуф, дар бештари мавоқеъ паёмадҳои мудохилаи низомии Амрико метавонад мушкилоти бештареро дар пай дошта бошад.

Обам дар идома афзуд, муқобила бо ин мушкилот яке аз бузургтарин чолишҳое аст, ки ҳар раисиҷумҳур дар Кохи Сафед бо он мувоҷеҳ аст.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Амрико, Вашингтон ба муттаҳидони худ барои ҳамкорӣ дар саҳнаи байналмилалӣ ба манзури ҳифзи назми ҷаҳонӣ ниёз дорад.

Барак Обама, дар мавриди расидагии пулиси федерали Амрико "FBI" ба парвандаи емейлҳои Ҳиллари Клинтон номзади Ҳизби демократ дар интихоботи риёсатҷумҳурии Амрико низ гуфт , Джеймс Коми- раиси  FBI, бо эъломи тасмими идора таҳти амраш бино бар баррасии емейлҳои тоза кашф шуда дар раванди таҳқиқот дар бораи серверҳои шахсии Ҳиллор Клинтон дарсади эъмоли нуфуз бар интихобот Амрико нест.

Мавзуи баррасии парвандаи емейлҳои Ҳиллари Клинтон, таъсири манфӣ барои вай дар назарсанҷиҳои интихоботии Амрико доштааст.

Бар асоси охирин назарсанҷиҳои мунташир шуда, фосила Ҳиллари Клинтон ва Доналд Тромп, рақиби ҷумҳурихоҳи вай ба шиддат коҳиш ёфтааст.