Сентябр 11, 2021 10:37 Asia/Dushanbe
  • Дархости Покистон аз Амрико ва муттаҳидонаш барои шикаст дар ҷанги Афғонистон

Давлати Покистон аз Амрико ва муттаҳидонаш хост ба шикаст дар ҷанги 20 солаи Афғонистон изъон кунанд.

Ба гузориши ИРНА, мушовири амнияти миллии Покистон рӯзи ҷумъа дар мусоҳиба бо шабакаи “СНН” гуфт, дар ҳоле, ки онон ҳозир ба пазириши шикасти худ дар Афғонистон нестанд бояд ба ҷои сарфаи вақт ба кумаки ин кишвар бишитобанд.

Муъид Юсуф, бори дигар ҳаргуна иддаои бархе аз кишварҳо алайҳи Исломабод дар хусӯси дахолат дар даргириҳои Панҷшеру ҳимоят аз Толибонро рад карду онро бахше аз таблиғоти зиддипокистонӣ донист.

Вай бо баёни инки нобасомониҳо дар Афғонистон мушкилоти зиёдеро барои Покистон ба вуҷӯд овардааст, афзуд, ин кишвар мутааҳҳид ба сулҳу таъмини амният ва субот дар Афғонистон аст.

Ахиран ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон эълом кард, пас аз сафари ахири раиси дастгоҳи иттилоотии Покистон (ISI) ба Кобул, ҳудӯди 500 низомии покистонӣ бо истиқрор дар кӯҳҳои атрофи Панҷшер, дар ҳамалоти нерӯҳои Толибон ба ин вилоят нақш доштанд.

Бар асоси гузоришҳои мунташир шуда, дастгоҳи иттилоотии Покистон бештарин нақшро дар шаклгирии Толибон ва кумак ба ин гурӯҳ доштааст ба гӯнае, ки Исломобод дар соли 2001 ҷузъи аввалин кишварҳое буд, ки Толибонро ба расмият шинохт.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп