Тафсир ; Бистумин солгарди ҳодисаи 11 сентябр ва паёми Байден
(last modified Sat, 11 Sep 2021 09:45:56 GMT )
Сентябр 11, 2021 14:45 Asia/Dushanbe
  • Тафсир ; Бистумин солгарди ҳодисаи 11 сентябр ва паёми Байден

Ҷо Байден-раиси ҷумҳурии Амрикои як рӯз монда ба баргузории солгарди ҳамалоти террористии 11 сентябр, ки дар он ҳудуди 3000 нафар кушта шуданд, дар паёме хостори ваҳдату иттиҳоди миллӣ дар Иёлоти Муттаҳида шуд .

Вай ваҳдати миллиро бузургтарин дарси ҳамалоти 11 сентябр барои ҷомеъаи мутанаввиъи Амрико хонд ва таъкид кард ваҳдат ба ин маънӣ нест, ки ҳамаи мо бояд як чизро бовар кунем, балки бояд ба унвони як миллат ба якдигар эҳтиром бигузорем ва ба ҳам имон дошта бошем .
Кохи Сафед ин паёми видеоиро дар остонаи баргузории маросими солгарди 11 сентябр мунташир кардааст. Бистумини солгарди ҳодисаи 11 сентябр дар ҳоле баргузор мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида ҳануз даргири пиёмадҳои ин рӯйдод аст . Ҳодисае ки мунҷар ба оғози асри ҷадид дар равобити байналмиллал шуд . Дар ин ҳол ҳодисаи 11 сентябри 2001 нуқтаи сарнавиштсоз дар сиёсати хориҷии Амрико маҳсуб мешавад. Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳурии вақти Амрико пас аз ҳамалоти 11 сентябр ба баҳонаи муборизаи ҷаҳонӣ бо тероризм рӯйкарди таҳоҷумӣ дар пеш гирифта ва иқдом ба ҳамла ба Афғонистон ва Ироқ намуд . Дар ин ба истилоҳ ҷанги ҷаҳонӣ алайҳи тероризм беш аз як миллион инсон дар Ироқ, Афғонистон, Сурия, Либия ва Яман ҷон бохтанд. Чарлз Стройзер- торихдон ва таҳлилгари байналмиллалӣ мегуяд : Ҳамалоти 11 сентябр як буҳрони вуҷудии амиқ дар Иёлоти Муттаҳида эҷод кард, ки дар паи он Вашингтон монанди як " ҳайвони захмӣ " вокуниш нишон дод ва ба ҷанги ботлоқӣ алайҳи тероризм даст зад ва саранҷом ба уфули худ ба унвони як абарқудрати ҷаҳонӣ суръат бахшид.
Дар айни ҳол бистумини солгарди ҳодисаи 11 сентябр ба шеваи ҷолибе бо хурӯҷи шармандаовари Амрико ва НАТО аз Афғонистон ҳамзамон шудааст . Амрико пас аз 20 соли ҷангу ишғоли Афғонистон барои шикасти Алқоъида ва Толибон бидуни ҳеҷ дастоварде бо расвои сиёсӣ ва низомӣ аз ин кишвар хориҷ шуд . Хурӯҷи Амрико ва тасаллути Толибон бар Афғонистон интиқодоти зиёдеро алайҳи давлати Байден дар Амрико ва соири кишварҳои ҷаҳон ба роҳ андохтааст.
Масъалаи дигаре ки дар ин замина шоёни тавваҷуҳ аст  нақши ҳодисаи 11 сентябр дар афзоиши исломҳаросӣ ва хушунат алайҳи мусулмонон дар Амрико аст . Баррасиҳо нишон медиҳад дар бист соли гузашта ва дар паи воқеъаҳои ёздаҳ сентябр дар Амрико ، исломҳаросӣ дар ин кишвар афзоиш ёфтааст . Назарсанҷии ҷадиди муассисаи Пию нишон медиҳад : 82 дарсади амрикоиҳо мегӯянд мусулмонон мавриди табъиз қарор мегиранд . Бисёре аз мусулмонони Амрико эҳсос мекунанд ба иллати ҷурме, ки на муртакиб шудаанд ва на аз он ҳимоят кардаанд, маҳкум шудаанд . Исломҳаросӣ ва ҳамалоти бархоста аз нафрат алайҳи мусулмонон ба вижа дар давраи зимомдории Доналд Трамп- раиси ҷумҳурии собиқи Амрико, ки ошкоро мавозеъи ростгароёнаи ифротӣ дошт, афзоиш ёфт . Трамп ба баҳонаи мубориза бо тероризм лабаи тези ҳамалоту иқдомоти худро ба самти мусулмонон равон кард . Ба вижа судӯри фармони иҷрои Трамп дар заминаи мамнӯъияти вуруди шаҳрвандони 6 кишвари исломӣ ба Амрико ва террорист хондани мусулмонон аз сӯи Трамп нишондиҳандаи рӯйкарди якҷонибаи вай дар ин замина буд . Бад-ин тартиб бояд гуфт, ки давлати Амрико худ аз авомили ташдиди бадбинӣ ва хушунат алайҳи мусулмонони Амрикое ба вижа дар давраи Трамп будааст. Аз ин рӯ иддаои Байден дар паёми видеоии худ ба муносибати ҳодисаи 11 сентябр дар бора ваҳдати миллии Амрико бо аммову агарҳои зиёдӣ ҳамроҳ аст .
Масъалаи муҳимме ки дар чорчӯби баҳси 11 сентябр матраҳ аст талоши давлатҳои Амрико аз давлати Ҷорҷ Буш то давлати Трамп барои сарпуш ниҳодан бар нақши Арабистони саъудӣ дар ҳимоят аз авомили ҳамалоти 11 сентябр ба баҳонаи таъсири манфии иҷрои ин қонун бар равобити дуҷонибаи Риёз ва Вашингтон аст . Далели ин амр манофеъи иқтисодӣ ва стратегии Амрико ва низ нақши муҳими режими саъудӣ дар минтақаи ғарби Осиё аст . Давлати Байден низ ҳар чанд дар ибтидо жести сахтгиронае дар қиболи режими саъудӣ гирифта ва иддиои бозтаърифи равобит бо Риёз дошт, аммо дар ниҳоят бо тавваҷуҳ ба манофеъу мулоҳизоти роҳбурдии Амрико дар қиболи Риёз ҳамон равобити густардаро бо саъудиҳо барқарор кардааст . Бо ин ҳол акнун фишори хонаводаҳои қурбониёни ҳамалоти 11 сентябр барои ифшои паҳлуҳои пинҳони нақши мақомоти саъудӣ дар ҳодисаи 11 сентябр муҷиб шуда то Байден дар иқдоме аз сари ночорӣ дастури бозбинии парвандаҳои марбут ба ин ҳамалотро содир кунад.