Пур шудани тахтҳои бемористоне дар шаҳристони Таранто дар Техаси Амрико
(last modified Thu, 16 Sep 2021 04:46:53 GMT )
Сентябр 16, 2021 09:46 Asia/Dushanbe
  • Пур шудани тахтҳои бемористоне дар шаҳристони Таранто дар Техаси Амрико

Як мақоми беҳдоштӣ дар иёлати Техас аз пур шудани тахтҳои бемористон дар шаҳристони Тарантои  иёлати Техаси Амрико дар пайи шуюи корона хабар дод.

Як мақоми беҳдоштӣ дар иёлати Техас эълом кард, ки бемористонҳои шаҳристони Таранто пур аз кӯдакони бистарӣ шуда ҳастанд. Дар ин шаҳристон беш аз 400 тахт дар бемористони кӯдакон вуҷӯд дорад, аммо шумори беморони коронаӣ сабаби афзӯда шудани фишорҳо бар бемористон шудааст.

Бар асоси ин гузориш, ҳамзамон бо афзоиши шумори мубталоён ба корона, панҷ иёлати Алабама, Ҷорҷия, Техас, Флорида ва Арканзас камтар аз 10 дарсади зарфиятшон барои тахтҳои ICU боқӣ мондааст.

Аз сӯи дигар, Carol Burrel, раис ва мудири кулли бахши беҳдошти иёлати Ҷорҷия гуфт, «бемористонҳои мо пур аст ва мо ба дунболи фазо дар утоқҳои конфронс ҳастем. Утоқҳои ёрии фаврии мо ва марказҳои муроқибати фаврии мо шоҳиди ҳаҷми болотаре аз беморон дар тӯли ин ҳамагирӣ будаанд».

Шуюи густардаи “Делта” ва поин будани нархи ваксинатсия дар бархе иёлатҳо мӯҷиб шудааст то раванди маргу мир дар Амрико бори дигар суудӣ шавад.

Бар асоси гузоришоти расмии мунташир шуда, то кунун дар Амрико беш аз 42 миллион нафар ба вируси корона мубтало шуда ва беш аз 685 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.