Ноябр 06, 2016 18:41 Asia/Dushanbe
  • Эътирози русҳо ба иқоматгоҳи сафири Англия дар Маскав расид

Дар идомаи эътирозҳои фаъолони сиёсии рус ба мудохилаҳои низомиву сиёсии Англия дар Ховари миёна, афзун бар сафоратхона, иқоматгоҳи сафири ин кишвар дар Маскав низ ҳадафи эътироз қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории русии “Интерфакс”, ба нақл аз шоҳидони айнӣ, гурӯҳе аз фаъолони сиёсии рус пас аз партоби монкан (лухтак)-и хунин перомуни иқоматгоҳи сафири Англия дар Маскав, маҳалро тарк карданд.

Муътаризони ношинос шомгоҳи шанбе чандин монкани хунинро муқобили иқоматгоҳи сафири Англия дар Маскав андохтанд.

Ин расонаи русӣ афзуд, ҳанӯз мақомҳои амниятӣ дар ин бора изҳори назар накардаанд. Ин дуввумин иқдоми эътирозии зиддианглисии фаъолони сиёсии рус дар чанд рӯзи ахир аст.

 Партоби монканҳои хунин ба сафорату иқоматгоҳи сафири Англия дар Маскав пас аз иқдоми гурӯҳе дар Лондон анҷом гирифт, ки ба нишонаи эътироз ба идомаи амалиёти зиддитеррористии Маскаву Димишқ дар Ҳалаб, зимни бастани дастҳои худ ба деворҳои Сафорати Русия, анбӯҳе аз дастони монканро муқобили сохтмон қарор доданд. Шомгоҳи ҷумъа ҳам гурӯҳе аз муътаризон ба нишонаи мухолифат бо иқдомҳои зиддисурии Лондон, қатаоти монкани хунинро муқобили Сафорати Англия партоб карданд.

 Пас аз он низ, садҳо нафар бо ҳузур муқобили сохтмони Сафорати Англия бо дар даст гирифтани шиору навиштаҳо, ширкати нерӯҳои англис дар ҳамла ба Либия, ки мунҷар ба марги ҳазорон ғайринизомӣ шуд ва ҳамчунин сиёсатҳои зиддисурии Лондонро маҳкум карданд.