Сентябр 20, 2021 17:17 Asia/Dushanbe
  • 27 куштаву захмӣ дар тирандозӣ дар донишгоҳи Русия

Манобеи хабарӣ имрӯз душанбе аз вуқуъи тирандозӣ дар дохили донишгоҳе дар минтақаи Урали Русия хабар доданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Кумитаи таҳқиқоти Русия имрӯзи душанбе эълом кард дар тирандозӣ дар донишгоҳи давлатии шаҳри  Перм дар минтақаи Урал 8 нафар кушта ва 19 нафар низ захмӣ шуданд .
Банно бар эъломи Кумитаи таҳқиқоти Русия  шахси ҳамлавар бо неруи полис низ даргир шуд ва аз пой даромад  .
Ҳануз далели ин тирандозӣ ва ангезаи шахсии  ин нафар аз ҳамла ба донишгоҳи Перм мушаххас нашудааст .
Перм бо ҷамъияти 1 миллиону 50 ҳазор нафар ва вусъати 799 километр мураббаъ маркази вилояте ба ҳамин ном дар минтақаи марказии Русия воқеъ шудааст .



Бештар бихонед :

Барчасп