Сентябр 21, 2021 15:28 Asia/Dushanbe
  • Захарова хабар дод: Гуфтугӯи Эрон, Русия, Чин ва Покистон дар бораи Афғонистон дар Душанбе ба зудӣ

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, ки ба зудӣ ин кишвар ба ҳамроҳи Эрон, Покистон ва Чин дар пойтахти Тоҷикистон дар бораи Афғонистон гуфтугӯ хоҳанд кард.

Ба гузориши Хабаргузории Донишҷӯ, Мария Захарова дар нишасте гуфт: «Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон қарор аст дидори чаҳорҷонибаи вузарои хориҷаи Русия, Чин, Покистон ва Эрон (дастёри вазири хориҷаи Эрон) баргузор шавад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия афзуд: Ин дидор бархе масоили минтақаӣ, аз ҷумла авзои Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд.

Захарова пеш аз ин эълом карда буд: «Мо мутақоид шудаем, ки ин кишварҳои ғарбӣ буданд, ки мустақиман дар мавриди Афғонистон тасмим гирифтанд ва ин корро комилан ҷудо аз илзомоти Шӯрои амнияти Созмони Милал анҷом доданд ва ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи байналмилалӣ гузориш надоданд.

Захарова ҳамчунин гуфт, ки Маскав шоҳиди талоши мақомоти ҷадиди Афғонистон барои барқарории тамосҳои хориҷӣ аст.

 

Бештар бихонед: