Сентябр 23, 2021 19:02 Asia/Dushanbe
  • Идомаи зиёдахоҳии Иттиҳодияи Аврупо дар бораи музокироти Барҷом дар Вена

Масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бидуни ишора ба зарурати пайбандии тарафҳои ғарбӣ ба таъаҳҳудоташон дар Барҷом бори дигар изҳоротии зиёдахоҳона дар бораи музокирот перомуни ин тавофуқи ҳастаӣ дар Вена баён кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Иозеф Баррел-масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар мусоҳиба бо шабакаи PBS - Амрико бидуни ишора ба идомаи бадаҳдии тарафҳои ғарбии Барҷом хостори бозгашти Эрон ба музокироти Барҷом дар Вена шуд .
Боррел ҳамчунин муддаӣ шуд: Эрон ба эҳёи Барҷом ниёз дорад .
Масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар дидор бо Энтони Блинкен-вазири хориҷаи Амрико дар Нию-Йорк низ иддао кард: Муҳлати бозгашт ба Барҷом абадӣ нест . Элизабет Троси-вазири умӯри хориҷаи Британия низ рӯзи чаҳоршанбе пас аз дидор бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар Тветтир муддаӣ шуд, ки ба дунболи бозгардондани Эрон ба музокироти Барҷом дар Вена аст .
Ин дар ҳоле аст, ки Амирабдуллоҳиён бо баёни инки Эрон дар Барҷом ҳарфҳову ваъдаҳои зиёде шунида, аммо пойбандӣ надидааст, гуфт: Мутаъасифона Британия ҳам ҷузъе аз тарафҳои бадаҳд дар қиболи ин тавофуқи ҳастаӣ буда ва ин рӯйкард бояд тағйир кунад.
Амирабдуллоҳиён дар ин нишаст бо баёни инки бозсозии равобити Лондону Теҳрон ниёзманди иқдомоти ҷиддӣ аст, бар лузӯми амалиётӣ шудани бозпардохти қарзи чаҳор даҳаии Британия ба Эрон таъкид кард .
Симон Ковене-вазири умӯри хориҷаи Ирландия низ рӯзи чаҳоршанбе пас аз дидор бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон эълом кард, ки ҳамтои эрониаш қасди бозгашт ба музокироти Барҷом дар Венаро ошкоро баён кард .
Ин дар ҳоле аст, ки Амирабдуллоҳиён дар дидор бо Ковене бо ишора ба пойбандии Эрон ба бунёни музокироти Барҷом ва ибрози таъассуф аз хурӯҷи ғайриқонӯнии Амрико аз ин тавофуқи ҳастаӣ ва бадаҳдии аврупоиҳо дар қиболи Барҷом таъкид кард, ки дастёбӣ ба натиҷаи мантиқӣ ниёзманди тағйири рӯйкарди Амрико ва Аврупо аст .

 

Барчасп