Ноябр 07, 2016 14:37 Asia/Dushanbe
  • FBI: Ҳеч иттиҳоме мутаваҷҷеҳи Ҳилларӣ Клинтон нест

Раиси Полиси федерали Амрико " FBI" эълом кард, наметавон ҳеч иттиҳоме алайҳи Ҳилларӣ Клинтон бар сари истифодаи вай аз имейли шахсӣ матраҳ кард.

Ба иттилои хабаргузории Ройтерс, Ҷеймс Комей, раиси Полиси федерали Амрико "FBI" рӯзи якшанбе дар номае ба конгресси ин кишвар эълом кард, баррасии бахше аз имейлҳои Ҳилларӣ Клинтон, номзади демократҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, ки ахиран кашф шуд, дар натиҷагирии FBI дар бораи ин мавзуъ тағйире ба вуҷуд наёвардааст.

Комей дар ин нома таъкид кард, FBI баррасии худро дар бораи имейлҳои ҷадиди ба даст омада аз Клинтон комил кардааст.

Лозим ба зикр аст, FBI дар гузориши қаблии худ тайид кард, Ҳилларӣ Клинтон дар замони тасаддии Вазорати умури хориҷа бо интишори асноди маҳрамонаи давлатӣ дар имейлҳои шахсии худ муртакиби иштибоҳ шудааст, аммо ҳеч як аз асноди давлатӣ ва маҳрамона ба дасти хакерҳо наафтодааст.

Ҳилларӣ Клинтон пештар дар вокуниш ба тасмими Полиси федерали Амрико барои баррасии дубораи парвандаи имейлҳои вай гуфта буд, иқдомоти FBI чанд рӯз монда ба интихоботи ҳаштуми ноябри 2016 нигаронкунанда аст.

Дар ҳамин ҳол Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳон дар вокуниш ба гузориши ҷадиди FBI ва баста шудани парвандаи расидагӣ ба имейлҳои Ҳилларӣ Клинтон гуфт, системаи мутақаллиб дар Амрико аз Ҳилларӣ ҳимоят мекунад дар ҳоле, ки ӯ муҷрим аст.

Интихоботи раёсатҷумҳури Амрикои фардо сешанбе дар ин кишвар баргузор мешавад.

 

Барчасп