Ноябр 07, 2016 14:44 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии Англия аз ироаи қатъномаи зидди ҷанги Арабистон дар Яман

Давлати Англия бар асоси хости Арабистони Саудӣ ироаи қатънома ба Шӯрои амният барои таваққуфи ҷанг дар Яманро ба таъвиқ андохт.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симоии Эрон, пойгоҳи хабарии рӯзномаи Алшарқ  Алвасат навишт: Тавофуқи Арабистон ва Англия боис шуд, Лондон ироаи пешнависи қатънома ба Шӯрои амният дар бораи барқарории сулҳ дар Яманро ба таъвиқ биандозад.

Бар асоси ин гузориш, Абдуллоҳ Алмуаллимӣ, намояндаи Арабистон дар Созмони милали муттаҳид бо ишора ба инки Англия аз чанд рӯз пеш тавзеи пешнависи ин қатъномаро миёни аъзои Шӯроии амният оғоз карда буд, гуфт: “Тафоҳуми доимӣ ва муштараке бо Англия дар бораи ин қатънома вуҷуд дорад”.

Арабистон ва муттаҳидонаш аз 26-и марти 2014 ҳамалоти ҳамаҷонибаро ба Яман оғоз кардаанд, ки дар натиҷаи ин ҳамалот токунун ҳазорон шаҳрванди яманӣ кушта ва маҷруҳ ва садҳо ҳазор тан низ овора шудаанд.