Бозтоби изҳороти зидиэронии раиси ҷумҳурии Озарбойҷон
Дар рӯзҳои гузашта бархе таҳаррукоти номатлуб ва номуносиби давлати Илҳом Алиев дар ҷумҳурии Озарбойҷон, бо вокунишҳои манфии маҳофили сиёсии минтақа ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон мувоҷеҳ шудааст.
Дар ҳамин иртибот, Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон дар паёме ба муносибати солрӯзи ҳамлаи низомӣ ба нерӯҳои Арманистон дар рӯзи 27 сентябри 2021 мелодӣ, ба иқдоми аҷибе ва бесобиқае даст зад. Раиси ҷумҳурии Озарбойҷон дар изҳороти худ Эронро ба ҷои Арманистон ба унвони душмани хориҷии ҷадид барои ҷумҳурии Озарбойҷон таъриф кардааст. Ин сиёсатмадори камтаҷриба, ки ба ҷои падараш Ҳайдар Алиев, раиси ҷумҳурии собиқи ҷумҳурии Озарбойҷон аз соли 2003 мелодӣ ба сурати мустамар бар курсии раёсати ҷумҳурии ин кишвар такя задааст, дар изҳороте нопухтаву ҷасорате ошкор, ҳамчунин Эронро ба таҳрики қавмиятии озариҳо таҳдид кард.
Аз паёми ахири раиси ҷумҳурии Озарбойҷон чунин бармеояд, ки вай ба шиддат дучори худбузургбинӣ шудааст ва дар ин росто талош мекунад худро раҳбари озаризабонҳои ҷаҳон муаррифӣ кунад. Бавижа, ки дар паёми ахири Илҳом Алиев ба таври ношиёна ба "муътариз будани озаризабонҳои ҷаҳон" ба баргузории размоиши ахир ва муштараки артишу сипоҳ дар манотиқи шимоли ғарбии Эрон, ин иқдомро душманона қаламдод кард.
Дар воқеъ, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар моҳҳову солҳои гузашта дар вокуниш ба эътирози мақомҳои Арманистон ба баргузории размоишҳои муштараки Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркия ҳамвора бар ин нукта таъкид дошт, ки дар заминҳои худамон ҳар иқдоме бихоҳем анҷом медиҳем, баргузории тамринҳои низомии нерӯҳои Эрон дар манотиқи марзиро амале душманона алайҳи давлати Бокӯ донистааст.
Ин дар ҳоле аст, ки давлати Илҳом Алиев бояд ба ин ҳақиқат воқиф бошад, ки вақте бо низомиёни чанд кишвар дар Нахҷавон размоиши муштарак баргузор мекунад ва ҳатто бар хилофи тавофуқномаи сарони Хазар талош мекунад размоиши дарёӣ бо як кишвари хориҷ аз минтақа дар дарёи Хазар баргузор кунад ва вақте ҳузури саҳюнистҳо дар манотиқи мухталифи марзии ҷумҳурии Озарбойҷон бо Эрон ба шакли аҷибе густарда мешавад, посухи Эрон бидуни шак сахт, ҷиддӣ ва қотеона аст.
Изҳороти ахири Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ношӣ аз фиреб хӯрдан аз дипломатҳои саҳюнистӣ дар Бокӯ ва бархе сиёсатмадорони минтақа аст. Дар ҳақиқат, изҳороти раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, бавижа дар душман хитоб кардани Эрон дар ҳоле аст, ки мақомҳои Теҳрон ҳамвора талош кардаанд бо ҷумҳурии Озарбойҷон равобити созандаей дошта бошанд. Эрон дар ростои авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ мабнӣ бар густариши равобит бо кишварҳои ҳамсояву мусулмон, борҳо аз густариши равобит бо давлату мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон таъкид кардааст.
Бо вуҷуди ин, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар камтар аз як соли гузашта дар ҷараёни сафар ба нуқтаи сифри марзӣ, марзҳои тӯлонии Эрону ҷумҳурии Озарбойҷонро "марзи дӯстӣ" номгузорӣ карда буд, акнун таҳти таъсироти бархе душманони мушаххас, ба тағйири изҳороти худ иқдом кардааст.
Бо тавваҷуҳ ба ифшои бахше аз сиёсатҳои душманони густариши равобити Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон мабнӣ бар бастани марзҳои Эрон бо Арманистон ва ҳатто ишғоли он, ба назар мерасад давлати Илҳом Алиев ин иқдомро бинобар дархости дипломатҳои саҳюнистӣ ва бархе аз дипломатҳои вобаста ба бархе аз кишварҳои минтақа дар дастури кор қарор додаву вориди таниш бо Эрон шудааст.
Тардиде нест, ки давлати Илҳом Алиев ба ваъдаву ваидҳои бархе аз давлатҳои бегона дил хуш кардааст. Мақомҳои Бокӯ тасаввур мекунанд дар сурати ҷалби ризоияти бархе аз қудратҳои минтақа, метавонанд бо ишғоли бахше аз заминҳои Арманистон, Эронро дар тангно қарор диҳанду мушкилоти минтақаӣ ва байналмилалӣ барои ҳамсояи ҷанубии худ эҷод кунанд. Дар ҳоле ки Эрон беш аз чаҳор даҳа аст, ки дар муқобили низоми султа истода ва ҳамчунон сарипову муқтадир ба ҳаёти худ идома медиҳад. Ба ҳамин далел бисёр баид аст, ки давлати Илҳом Алиев, ки бо ҳимоятҳои байналмилалӣ ва кумакҳои кишварҳои сеюм тавонистааст арозии ҷумҳурии Озарбойҷонро пас бигирад, битавонад барои ҳамсояи ҷанубии худ мушкилоте эҷод кунад.
Бештар бихонед:
- Идомаи танишҳои марзӣ байни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон
- Размоиши неруҳои мусаллаҳи ҷумҳурии Озарбойҷон