Насби тарошаи электронӣ ба либоси донишомӯзон дар Чин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i74646-Насби_тарошаи_электронӣ_ба_либоси_донишомӯзон_дар_Чин
Ба либоси донишомӯзон дар Чин тарошаи электронӣ насб карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 29, 2021 17:17 Asia/Dushanbe
  • Насби тарошаи электронӣ ба либоси донишомӯзон дар Чин

Ба либоси донишомӯзон дар Чин тарошаи электронӣ насб карданд.

Ба гузориши "France Info", ба либоси донишомӯзони давраи таҳсилии ибтидоии шаҳри Жуҳайи вилояти Гуандун дар ғарби Чин тарошаи электронӣ насб шуд.

Ин иқдом бо ҳадафи назорати бештар бар рафтори донишомӯзон анҷом шудааст.

Бо насби ин тароша, омӯзгорону волидайн метавонанд ҳамеша рафтори доншомӯзони худро расад кунанд.

Амалкарди ин тароша тавре аст, ки агар донишомӯз ба “минтақаи хатарнок” ворид шавад, паёмаке ба телефони ҳамроҳи волидайн ва муаллимони ин донишомӯз ирсол мешавад.