Октябр 02, 2021 11:47 Asia/Dushanbe
  • Идомаи омори болои фавтиҳои корона дар Русия

Бар асоси омори давлати Русия дар 24 соъати гузашта 887 нафар дар ин кишвар ба далели ибтило ба Ковид - 19 ҷони худро аз даст додаанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ин болотарин омори қурбониёни рӯзонаи корона дар Русия аз моҳи июл то кунун аст .
Ҳамчунин дар 24 соъати гузашта 24 ҳазору 522 мавриди ҷадиди ибтило ба корона дар Русия ба сабт расидааст.

То кунун беш аз 208 ҳазору 142 нафар дар Русия ба далели ибтило ба корона ҷони худро аз даст додаанд ва беш аз 7 500 000 нафар низ ба ин вирус мубтало шудаанд .

Омори рӯзонаи корона дар Рӯсия аз моҳи август то кунун раванди ру ба афзоиш доштааст . Дар ҳоле ки Русия бо камбуди воксани корона мувоҷеҳ нест, аммо назарсанҷиҳо нишон медиҳанд беш аз ниме аз ҷамъияти ин кишвар намехоҳанд худро дар муқобили корона ваксина кунанд .
Бар асоси додаҳои мунташиршуда то рӯзи ҷумъа танҳо 29 дарсад аз ҷамъияти Русия ваксина шудаанд .



Бештар бихонед :


 

 

Барчасп