Ноябр 07, 2016 21:04 Asia/Dushanbe
  • Хисороти пинҳони идомаи ҷанги Толибон дар Афғонистон

Ҳукумати Афғонистон эълом кард, шиддат гирифтани ҳамалоти Толибон дар манотиқи мухталифи ин кишвар дар ҳамон ҳоле ки ба таври мустақим амнияти Афғонистонро ба хатар андохтааст, хисороти густардаи пинҳонӣ низ дорад, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи маҳофили ҷаҳонӣ қарор бигирад.

 

Ба гуфтаи Шоҳ Ҳусайн Муртазавӣ, муовини сухангӯи раисҷумҳури Афғонистон, Толибон вориди ҳар минтақае, ки мешавад, сохторҳои онро, аз қабили мактабҳо, масоҷид, марказҳои тиббию тавлидӣ аз байн мебарад. Дар ҳамин ҳол, идомаи ҳамалоти Толибон дар манотиқи мухталифи Афғонистон боис шудааст, Амрико низ бо баҳонаи мубориза бо Толибон на танҳо нерӯҳои низомии худро дар манотиқи мухталифи Афғонистон густариш диҳад, балки ҳамалоти худро низ шиддат бахшидааст. Дар тозатарин ҳамлаи Амрико дар Кундуз беш аз 40 тан аз ғайринизомиён кушта шуданд. Аз дидгоҳи мақомоти Ҳукумати Афғонистон, бо дар назар гирифтани овора шудани беш аз 500 ҳазор тан аз мардуми манотиқе, ки ҷанг дар онҳо дар ҷараён аст, хисороти пинҳонии ҳамалоти Толибон бисёр ваҳшатнок аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин ҳама чашм пӯшидааст. Дархости намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон барои баррасии ҳамлаи Амрико ба Кундуз ҳарчанд ба навъе баёнгари таваҷҷуҳи ин созмон ба масоилу мушкилоти мардуми Афғонистон аст, аммо ҳукумату мардуми Афғонистон аз ниҳодҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милал интизор доранд, барои кӯмак ба ҳаллии мушкилоти ин кишвар бештар талош кунанд, на бо интишори баёния ё иқдомоте, ки мунҷар ба коҳиши хашми мардуми Афғонистон шавад, иктифо намоянд.

 Тадамичи Ямамото, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон дар вокунишаш ба тозатарин ҷинояти Амрико дар Кундуз кушта шудани ғайринизомиёнро ғайриқобили қабул дониста таъкид кард, талошҳо барои барқарории сулҳу субот дар ин кишварро тазъиф мекунад. Аммо генерал Чарлз Клевеланд, сухангӯи низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон бидуни таваҷҷуҳ ба қавонини байналмилалӣ барои ҳифозат аз ҷони ғайринизомиён сирфан дар садади тавҷеҳи куштори ғайринизомиёни афғон дар вилояти Кундуз баромад ва онро ба унвони талафоти ҷангӣ ногузир донист. Ба гуфтаи ӯ, Толибон аз ғайринизомиён ба унвони сипари дифоӣ истифода мекунад, ки аз хисороти пинҳони ҷангии Толибон маҳсуб мешавад. Аз дидгоҳи мардуми Афғонистон, ин иддаои фармондеҳи низомии Амрико наметавонад идомаи ҷиноятҳои онҳоро дар Афғонистон дар авлавият гузорад, зеро бар асоси қонунҳои байналмилалӣ, нерӯҳои амрикоӣ бояд аз ҳамла ба ғайринизомиён парҳез кунанд. Илова  бар ин бар асоси тавофуқномаи артиши Амрико бо Вазорати дифои Афғонистон, нерӯҳои низомии Амрико аз ҳамла ба манотиқи маскунию ғайринизомиён манъ шудаанд ва пеш аз ҳар гуна ҳамла бояд бо артиши Афғонистон ҳамоҳанг кунанд, ки дар амал муқаррароти марбут ба истиқлолу ҳокимияти миллии ин кишварро нақз мекунанд.

Ҳарчанд мақомоти Афғонистон хисороти ҳамалоти Толибонро 30 миллион доллар тахмин задаанд, аммо аз дидгоҳи мардуми ин кишвар, хисороти ҷонии ин ҳамалот бештар аз хисороти моддӣ аст. Зеро ҳам Толибон иқдом ба куштори мардум мекунанду ҳам нерӯҳои хориҷӣ бо баҳонаи муқобила бо Толибон ғайринизомиёнро омоҷи ҳамалоти худ қарор медиҳанд. Бархе аз маҳофили сиёсӣ ва расонаӣ дар Афғонистон куштори ахири Амрико дар Кундузро навъи интиқомҷӯии Амрико аз мардуми Афғонистон дар қиболи кушта шудани ду низомии амрикоӣ медонанд, ки ахиран, кушта шуданд.

Ба ҳар ҳол, тахриби 302 мактаб дар Афғонистон тавассути гурӯҳҳои хушунатталаб, ҳамчунин террористӣ ва маҳрум кардани ҳазорон кӯдаки афғон аз таҳсил аз дигар паҳлӯҳои пинҳони ҳамалоти ин гурӯҳҳо аст, ки хисороти ғайриқобили ҷубронро ба насли ояндаи Афғонистон ворид мекунад ва ин бо ба истилоҳ шиорҳои истиқлолталабонаи Толибон, ки худро паштун медонад, дар тазоди комил қарор дорад.