Паймонҳои таҳти раҳбарии Амрико таъомулро аз байн мебарад
Вазири умӯри хориҷаи Русия эълом кард паймони AUKUS ва низ эътилофи QUAD байни Ҷопон, Амрико, Австралия ва Ҳинд чорчуби ҳамкориҳо дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Оромро аз байн мебарад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Лавров дар нишасти Шӯрои сиёсатгузории хориҷӣ ва дифоии Русия гуфт : Яке аз роиҷтарин гароишҳо роҳбурди уқёнусҳои Ҳинд ва Ором аст, ки Амрико мубтакири он аст ва барои таҳаққуқи он паймони « AUKUS » ва эътилофи « QUAD » ба вуҷуд омадааст .
Вай афзуд : Ҳамаи ин иқдомот боиси аз байн рафтани чорчубҳои ҳамкорӣ дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором шуда, ки дар як даҳаи ахир таҳти назорати созмони Asean шакл гирифта буд .
Вазири хориҷаи Русия тасреҳ кард : Стратегияи ҷадиди уқёнуси Ҳинду Ором дар чорчуби « AUKUS » барои аз байн бурдани системае иҷро мешавад,ки бар ҷудоинопазир будани амнияти кишварҳои минтақа такя дошт ва ҳадафи ин эътилоф ( AUKUS ) боздоштани Чин эълом шудааст .Скотт Морисон-нахуствазири Австралия 15 сентябр ба ҳамроҳи Борис Ҷонсон- нахуствазири Британия ва Ҷо Байден- раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида мушорикати ҷадиди амниятии низомии сеҷонибаи AUKUS-ро эълом карданд, ки аз манофеи муштараки тарафайн дар минтақаи Ҳинду уқёнуси Ором муҳофизат мекунад .
Бар асоси мушорикати ҷадид Британия ва Иёлоти Муттаҳида мутаъаҳҳид шуданд, ки неруи баҳрии Австралияро ба фанноварии зеробиҳои ҳастаӣ муҷаҳҳаз кунанд. Австралия бо пайвастан ба ҳамкории низомӣ бо Амрикову Британия қарордоди 66 миллиард долларии худ бо Фаронсаро ба нафъи паймони AUKUS канор гузошт ва ин боиси хашми Порис шуд, ки тибқи ин қарордод қарор буд 12 зеробии маъмулӣ ба Австралия арза кунад.
Эътилофи « ҚУАД » ( Quad ) шомили Ҷопон, Амрико, Австралия ва Ҳинд низ ба раҳбарии Вашингтон ба дунболи рӯйкарди муттаҳид дар қиболи чолишҳои муштарак дар минтақаи уқёнусҳои Ҳинд ва Ором аст .