Октябр 04, 2021 16:57 Asia/Dushanbe
  • Ҷонсон : Мумкин аст мушкили камбуди сӯхт то соли нав идома ёбад

Борис Ҷонсон-нахуствазири Британия ҳушдор дод мумкин аст мушкили камбуди сӯхт дар кишвар то соли нав идома пайдо кунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Борис Ҷонсон дар маросими ифтитоҳияи иҷлоси Ҳизби муҳофизакор дар шаҳри Манчестер изъон кард, ки моҳҳо аст аз мушкилоти саноъати ҳамлу нақли кишвараш огоҳ аст ва ин мушкилот муҳтамил то соли нав идома меёбад .

Брайан Модерсон-раиси Иттиҳодияи ҷойгоҳҳои сӯхт дар Британия низ гуфт : Камбуди бензин дар бархе аз манотиқи кишвар ба вижаи Лондон ва ҷанубу шарқии ин кишвар вахимтар мешавад .
Чаҳоршанбеи гузашта артиши Британия барои ҷилавгирӣ аз афзоиши буҳрони бензин дар ин кишвар низомиёни худро барои ҳамлу нақли танкерҳои сӯхт ҷиҳати расондан ба помпҳои бензин дар саросари ин кишвар ба кор гирифт .

Британия дар ибтидои соли ҷорӣ бозори Иттиҳодияи Аврупоро тарк кард ва монеъи ҷазби ронандагони кишварҳои узви Иттиҳодия ба ширкатҳои ҳамлу нақл шуд .
Давлати Британия акнун гуфта барои муқобила бо камбуди ронанда ба панҷ ҳазор ронандаи хориҷӣ раводидӣ муваққат медиҳад; иқдоме ки қаблан онро рад карда буд .

 

Барчасп