Октябр 05, 2021 21:48 Asia/Dushanbe
  • Кремл: Эътимоде ба паёмрасонҳои хориҷӣ надорем

Сухангӯи Кремл дар вокуниш ба қатъи шабакаҳои иҷтимоии амрикоӣ таъкид кард, ки давлати Маскав аз ҳеҷ як аз паёмрасонҳои иҷтимоӣ барои иртибототи худ истифода намекунад, зеро эътимоде ба онҳо надорад.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Дмитрий Песков, сухангӯи кохи Кремл дар вокуниш ба ихтилол дар шабакаҳои иҷтимоии амрикоӣ, ки шаби гузашта рух дод, таъкид кард, ки давлати Маскав аз паёмрасонҳо барои иртибототи дарунисозмонии худ истифода намекунад ва ба ҳамин далел қатъи ин шабакаҳо ҳеҷ таъсире рӯйи Маскав надоштааст.

Песков дар посух ба суоле дар бораи ин ки оё қатъи расонаҳои иҷтимоии Силикон Валле рӯйи Кремл таъсир доштааст ё хайр, ба ин масъала ишора кард.

Вай таъкид кард, Маскав ба паёмрасонҳо дар умури корӣ муттакӣ нест ва ба онҳо эътимоде надорад.

Ба гуфтаи Песков, вебсайтҳои марбут ба кохи Кремл бидуни ишкол дар ҳоли ироаи хадамот ҳастанд.

Рӯзи душанбеи чаҳоруми октябр садҳо миллион корбари шабакаҳои иҷтимоии муртабит бо ширкатҳои амрикоӣ дар саросари ҷаҳон аз бурузи як ихтилоли густарда дар ин паёмрасонҳо хабар доданд.

Ба дунболи бурузи ин ихтилоли густарда, дастрасии миллионҳо корбар ба ин шабакаҳои иҷтимоӣ қатъ шуд.

Ин ихтилоли нодир, ки ҳамзамон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон рӯй додааст, яке аз тӯлонитарин вақфаҳои ҳамзамон дар хадамотдиҳии ин шабакаҳо тайи солҳои ахир маҳсуб мешавад.

 

Бештар бихонед: