Октябр 08, 2021 21:18 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Кишварҳои узви НАТО масъули аслии бозсозии Афғонистон ҳастанд

Вазири умури хориҷаи Русия гуфт, кишварҳои узви Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) бояд масъулияти аслии бозсозии Афғонистонро бар ӯҳда гиранд.

Ба гузориши ИРНА, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа дар як нишасти хабарии маҷозӣ бо намояндагони анҷумани тиҷорати аврупоӣ бо баёни ин ки кишварҳои узви НАТО масъули аслии бозсозии Афғонистон ҳастанд, эълом кард, ки талоши Амрико ва кишварҳои узви эътилофи таҳти раёсати ин кишвар дар Афғонистон барои ин ки масъулияти паноҳандагони афғон бар ӯҳдаи кишварҳои дигар қарор гирад, нодуруст аст.

Гурӯҳи Толибон дар 15 август Кобулро ба тасарруфи худ даровард ва давлати Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон суқут кард.

Таҳлилгарон тасаллути гурӯҳи Толибон бар Кобулро ба манзалаи хотимаи ишғолгарии 20 солаи Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ ба баҳонаи бозсозии Афғонистон ба шакли матлуби ҷаҳони Ғарб медонанд.

Амрико ва муттаҳидонаш пас аз бист соли ҳузури низомии шикастхӯрда дар ҳоле аз Афғонистон ақибнишинӣ карданд, ки ин лашкаркашӣ самарае ҷуз густариши терроризм, ҷанг, хушунат, бесуботӣ ва ноамниву куштори даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар надоштааст.

Бисёре аз мардуми Афғонистон, вазъияти феълии ин кишварро ношӣ аз сиёсатҳои шикастхӯрдаи Амрико дар Афғонистон медонанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп