Охирин талошҳои Трамп ва Клинтон барои вуруд ба Кохи Сафед
Ҳамалоти лафзии номзадҳои демокрот ва ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсатиҷумҳурии Амрико, то пеш аз оғози раъйгирӣ дар ин кишвар ҳамчунон идома дошт.
Ба гузориши рӯзи сешанбеи шабакаи телевизионии СНН, Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар яке аз охирин таҷаммуъҳои интихоботии худ дар иёлати Мичиган гуфт, Ҳиллари Клинтон, номзади Ҳизби демокрот, намояндаи гурӯҳҳои дорои манофеъи хос ва Уолл-стрит аст.
Трамп афзуд, Ҳиллари Клинтон коргаронро раҳо кардааст ва фақат ба манофеъи гурӯҳҳои хос фикр мекунад.
Трамп бо ишора ба тавсияи пулиси Федероли ин кишвар (FBI), бинобар матраҳ нашудани кайфархост дар мавриди парвандаи емайлҳои Клинтон тасреҳ кард, орои мардум адолатро дар бораи Клинтон иҷро хоҳад кард.
Трамп ҳамчунин бо баёни ин ки Мичиган дар вазъи интихоботии ҳассосе қарор дорад, таъкид кард, ки агар ӯ, дар ин иёлат ба пирӯзӣ бирасад, дар рақобати интихоботӣ бо Ҳиллари Клинтон, пирӯзи майдон хоҳад буд.
Дар ҳоле, ки Трамп борҳо гуфта буд, ба далоиле дар бисёре аз марокизи райъгирӣ дар рӯзи 8 ноябр (имрӯз) тақаллуб хоҳад шуд Майк Пенс, номзади муовинати раёсатҷумҳурии Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ гуфт, Доналд Трамп дар сурате, ки натиҷаи интихобот равшан бошад, онро хоҳад пазируфт.
Пенс афзуд, агар натиҷаи интихоботи ғайри қатъӣ ва баҳсбарангез бошад, ҳар ду ситоди таблиғотӣ ҳаққи истифода аз гузинаҳои қонуниро барои худ маҳфуз медонанд.
Ба гуфтаи Трамп, пирӯзии Ҳиллари Клинтон бидуни тақаллуби систематикӣ имконпазир нахоҳад буд.
Трамп пазириши натоиҷи интихоботи ҳаштуми ноябри 2016-ро ҷуз пирӯзии худ рад кардааст.
Ҳиллори Клинтон дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико низ дар яке аз охирин таҷаммуъи интихоботии худ, дар Филаделфия пеш аз раъйгирии расмӣ, ки Барак Обама-раисиҷумҳури Амрико низ дар канори ӯ ҳозир буд, Трампро фарде хатарнок тавсиф кард.
Клинтон ҳамчунин дар поёни муборизоти интихоботии худ дар Роли, маркази иёлати Каролинаи Шимолӣ низ хоҳони раъй додани мардуми Амрико ба он чӣ вай Амрико саховатманд хонд, шуд.
Ҳамалоти лафзии номзадҳои демокрот ва ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар шароите идома дошт, ки бар асоси миёнгини натоиҷи назарсанҷиҳо, номзади демокротҳо дар интихоботи Амрико, 2/9 дарсад аз номзади ҷумҳурихоҳон ҷилавтар аст.
Бар асоси ин миёнгин, ки пойгоҳи хабарии "Real Clear Politics", онро мунташир кардааст, Ҳиллари Клинтон 47/2 дарсад оро ва Доналд Трамп низ 44/3 ороро ба худ ихтисос хоҳанд дод.
Мардуми Амрико пас аз ҳудуди ду сол рақобатҳои шадиди интихоботӣ, имрӯз (сешанбе) пойи сандӯқҳои раъй ҳозир мешаванд, то раъйи худро барои интихоби 45-умин раисиҷумҳури ин кишвар ба сандӯқ биндозанд.