Ноябр 09, 2016 10:12 Asia/Dushanbe
  • Пайгирии тарҳи сохти хатти Каса-1000 дар Дубай

Иҷлоси намояндагони кишварҳо ва созмонҳои ширкаткунанда дар тарҳи интиқоли барқи Каса-1000 панҷум ва шашуми декабри имсол дар шаҳри Дубайи Имороти Арабии Муттаҳида баргузор мешавад.

Ба иттилои сайти тарҳи Каса-1000, дар ин дидор мавзуи сохти истгоҳҳои барқи фишори қавӣ барои интиқоли барқ аз ду нерӯгоҳи барқ-обии Сангтӯда 1 ва 2 дар ҷануби Тоҷикистон ба Навшаҳри Покистон бо истифода аз қаламрави Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд.

Тарафҳо мутааҳҳид шудаанд, ки то як ҳафтаи дигар 4 ширкати паймонкорро барои мушорикат дар тендери сохти ин таъсисот муаррифӣ кунанд.

Бар асоси ин тарҳ дар марҳалаи нахуст барои сохти хатти фишори қавии 500 киловаттӣ аз минтақаи Додхоҳи Қирғизистон ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва дар идомаи расонидани ин хат аз хоки Афғонистон ба шаҳри Пешовари Покистон барномарезӣ шудааст.

Хатти Каса-1000 заминаи интиқоли барқи изофии тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқӣ-обии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли гармо ба Афғонистон ва Покистонро фароҳам хоҳад кард.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳ аз сол метавонанд наздик ба 5 миллиард киловатт соат барқро аз тариқи хатти Каса-1000 ба Афғонистон ва Покистон мунтақил кунанд.

Ҳазинаи сохти ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад, беш аз як миллиард доллар баровард шудааст.

Саҳми Тоҷикистон дар сохти ин тарҳ 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион доллар аст.