Сентябр; Маргбортарин моҳи коронаӣ барои кӯдакони Амрико
Шабакаи “НБС” нюз дар гузорише аз афзоиши чашмгири шумори мубталоён ва маргу мири кӯдакон ношӣ аз Ковид - 19 дар Амрико пас аз бозгушоии мадорис дар моҳи сентябр хабар дод.
Торнамои шабакаи "НБС нюз" дар гузорише эълом кард, дар ҳоле, ки кӯдакони хурдсол бахши бисёр каме аз омори маргу мири ношӣ аз Ковид – 19-ро ташкил медоданд, моҳи сентябр бештарин мубтало ва маргу мирро барои кӯдакон дар Амрико ба дунбол дошт.
Бар асоси оморҳои ба даст омада, шумори кӯдакони мубтало ба Ковид – 19 ва маргу мири ношӣ аз он дар моҳи сентябр дар ҳоле боло рафтааст, ки давлати федероли Амрико барои таъйиди тазриқи воксани Ковид - 19 ба кӯдакони радаи синнии 5 то 11 соли худро омода мекунад.
Додаҳои Академияи атфоли Амрико (AAP) нишон медиҳад, ки шумори мубталоёни кӯдак дар моҳи сентябр ба авҷи худ расидааст, зеро бисёре аз мадорис барои дарсҳои ҳузурӣ дар буҳбуҳаи густариши вируси Делта дар ин кишвар бозгушоӣ шудаанд.
Дар Амрико аз оғози ҳамагирии вируси корона токунӯн беш аз 6 миллион кӯдак ба Ковид - 19 мубтало шуда ва аз ин миён беш аз 1.1 миллион мавриди ҷадид танҳо мутааллиқ ба бозаи замонии 3 то 30 сентябри соли ҷории милодист.
Академияи мутахассисони атфоли Амрико додаҳои бадаст омадаро аз иёлатҳои ҷудогона дарёфт карда, ки таорифи мутафовите аз "кӯдак" доранд. Бархе шомили ҷавонони 19 сола ва Вирҷинияи Ғарбӣ шомили афроди то 20 сол аст.
Дар ҳоле, ки аз ҳамон оғози ҳамагирии корона дар дунё, теъдоди андаке аз кӯдакони хурдсол мубтало ба Ковид - 19 ба шиддат бемор мешуданд ва ё ҷони худро аз даст медоданд, додаҳои ҳафтагии Маркази кантрол ва пешгирӣ аз беморӣ (CDC) нишон медиҳад, ки маргу мири ношӣ аз Ковид - 19 дар кӯдакони зери 15 сол дар сентябр ба болотарин ҳадди худ расида ва 41 кӯдак аз таърихи 4 сентябр то 2 октябр бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.