Русия : Ҳузури низомии Амрико дар Осиёи Марказиро намепазирем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i75596-Русия_Ҳузури_низомии_Амрико_дар_Осиёи_Марказиро_намепазирем
Муовини вазири умӯри хориҷаи Русия ҳар гуна ҳузури низомии Вашингтон дар Осиёи Марказиро ғайри қобили қабул хонд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 17, 2021 18:21 Asia/Dushanbe
  • Русия : Ҳузури низомии Амрико дар Осиёи Марказиро намепазирем

Муовини вазири умӯри хориҷаи Русия ҳар гуна ҳузури низомии Вашингтон дар Осиёи Марказиро ғайри қобили қабул хонд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сергей Рябоков пас аз дидор бо Виктория Толонд-муовини вазири умӯри хориҷаи Амрико аз мухолифати кишвараш бо ҳузури низомии Амрико дар Осиёи Марказӣ  хабар дод .

Вай бо ишора ба дидор бо ҳамтои амрикоии худ гуфт : Мо таъкид мекунем ҳар гунаи ҳузури низомии Амрико дар кишварҳои Осиёи марказиро ғайри қобили қабул медонем .
Бинобар суханони вай  дар ин дидор масоили Афғонистон баҳсу баррасӣ шуд .

Муовини вазири умӯри хориҷаи Амрико бо ҳадафи баррасии равобити дуҷониба ва ҳамчунин масоили минтақаӣ ва ҷаҳонӣ вориди  Маскав шуд .
Дар ин дидор дар мавриди истифодаи эҳтимолии пойгоҳҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ ба вижа дар Тоҷикистону Қирғизистон барои мудӣрияти муштараки авзоъ дар Афғонистон суҳбат шуд.