Ноябр 09, 2016 11:51 Asia/Dushanbe
  • Экрони филми Муҳаммад расулаллоҳ (с) дар Доғистони Русия

Филми синамоии Муҳаммад расулаллоҳ (с) сохтаи Маҷиди Маҷидӣ, коргардони шаҳири эронӣ аз 18-и ноябр дар 4 синамои ҷумҳурии Доғстони Русия ба намоиш гузошта мешавад.

Ба иттилои сайти ахбори исломии Русия, бо намоиши филми Муҳаммад расулаллоҳ (с) дар Доғистон, экрони ин филм ба таври расмӣ дар қаламрави Русия оғоз хоҳад шуд.

Дар маросими оғози экрони ин филм, Маҷидӣ ва гурӯҳе аз дастандаркорони филм ва мақомоти ҳукуматӣ, идораи муфтиёти мусалмонон, намояндагони фарҳанг ва ҳунар ва рӯзноманигорони расонаҳои хабарии Доғистон ҳузур хоҳанд дошт.

Бар асоси ин гузориш, филми Муҳаммад расулаллоҳ (с) ба ду шакли дубла ба забони русӣ ва бо зернавис намоиш дода мешавад.

Дар ин гузориш паёми филми Муҳаммад расулаллоҳ (с) сулҳ ва дӯстӣ унвон ва таъкид шудааст, ки филми Муҳаммад расулаллоҳ (с) ба лиҳози маърифатӣ ва маънавӣ аз аҳаммияти зиёде бархурдор аст ва ҷомеаи имрӯз ба ин арзишҳои волои ахлоқӣ ва инсонӣ ниёз дорад.