Озмоиши мушакҳои зиддиқаиқи Британия дар Уқёнуси Ором
Нерӯи дарёии Британия аз озмоиши мушакҳои ҷадиди зиддиқаиқ дар Уқёнуси Ором хабар дод.
Нерӯи дарёии Британия эълом кард, болгардҳои мавсум ба “Гурбаи ваҳшӣ” дар чорчӯби гурӯҳи зарбати нови ҳавопаймобари Британия, ки тавассути нови ҳавопаймобари Малика Элизабет ҳидоят мешавад, мушакҳои сабквазнро дар маҳдудаи Уқёнуси Ором шиллик карданд.
Мушакҳо дар арзи се сония аз болгард ҷудо шуда ва бо шитоб ба самти ҳадаф шиллик шуданд.
Ҷеймс Блэк Мур, фармондеҳи бахши ҳавоии гурӯҳи зарбати Британия дар ин бора гуфт, ин мушакҳо тарроҳӣ шудаанд то аз новҳои ҳавопаймобари Британия дар муқобили қаиқҳои кучаку тундрав муҳофиза кунад.
Ин мақоми низомӣ унвон кард, болгардҳои фавқулодда ва ҳамакораи “Гурбаи ваҳшӣ” ҳам ки ҳаркадом метавонад 20 мушак ҳамл кунад, зарфияти ҷадидеро ба ҳавзаи ҳавоӣ ва гурӯҳи зарбат изофа кардааст.
Гузоришҳо ҳокист, ки гурӯҳи зарбати нови ҳавопаймобари Бритониё ахиран дар Халиҷи Бангол буд ва қарор аст дар як размоиши низомии муштарак бо Ҳинд ширкат кунад.