Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба интихоби Доналд Трамп
Мақомоти сиёсии кишварҳои мухталиф ба интихоби Доналд Трамп ба унвони чиҳилу панҷумин раиси ҷумҳурии Амрико вокуниш нишон додаанд.
Владимир Путин - раиси ҷумҳурии Русия интихоби Трампро ба раёсати ҷумҳурии Амрико табрик гуфт ва ибрози умедворӣ кард, ки Русия ва Амрико барои ҳамкории бештар дар бораи мавзӯъҳои байналмилалӣ гуфтугӯ кунанд.
Ангела Меркел – садри аъзами Олмон ҳам дар паёме ба Доналд Трамп интихоби ӯро табрик гуфт ва ибрози умедворӣ кард, ки раиси ҷумҳурии нави Амрико битавонад ба масъулиятҳое, ки ба ӯҳда хоҳад дошт, ба хубӣ амал кунад.
Нахуствазир ва дигар мақомҳои режими саҳюнистӣ низ интихоби Трампро ба раёсати ҷумҳурии Амрико табрик гуфтанд.
Бинёмин Натаняҳу дар паёми табрикии худ ба Трамп эълом кард, Амрико дӯсти воқеии Исроил аст ва ӯ талош мекунад равобити Исроил ва Амрикоро ба олитарин сатҳ бирасонад.
Абдулфаттоҳ Сисӣ – раиси ҷумҳурии Миср низ ба унвони аввалин раҳбари араб ба Доналд Трамп табрик гуфт.
Ҳамчунин Салмон ибни Абдулазиз - подшоҳи Арабистони Саудӣ низ бо ирсоли паёме ба Доналд Трамп, пирӯзи ӯро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико табрик гуфт.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон - раиси ҷумҳурии Туркия дар вокуниш ба пирӯзии Доналд Трамп гуфт: Демократҳо пас аз ду давра, қудратро ба ҷумҳурихоҳон таҳвил доданд, то давра тозае дар Амрико шурӯъ шавад.
Толибони Афғонистон низ ба интихоби Трамп ба раёсати ҷумҳурии Амрико вокуниш нишон дод.
Толибон дар баёнияе эълом кард, амрикоиҳо бояд истиқлол ва ҳокимияти кишварҳои дигарро аз байн набаранд ва ҳамаи сарбозонашонро аз Афғонистон хориҷ кунанд.