Рушди робитаҳои роҳбурдии Чину Русия
Сафари нахуствазири Чин ба Русия баёнгари талоши ду кишвар барои оғози фасли тозае дар раванди ҳамкориҳои роҳбурдӣ (стратегӣ)- и Маскаву Пекин аст.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар дидор бо Ли Кэтсян, нахуствазири Чин дар Кохи Кремл бо ҳимоят аз густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои Маскаву Пекин тамоси мақомҳои сатҳи олии Русия ва Чинро баёнгари алоқамандии ду кишвар барои барои рушди ҳамкориҳои роҳбурдӣ дар соҳаҳои мухталиф донист.
Раванди тозаи ҳамкориҳои Маскаву Пекин дар ҳоле сурат мегирад, ки ду тараф то кунун дар мавриди авлавияти ҳамкориҳо дар чорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки муҳимтарин аъзои он ҳастанд, ихтилофи назар доштанд. Чин ба рушди ҳамкориҳо дар бахши иқтисодӣ таъкид дошт ва бовар дошт, аз тариқи ҳамкорӣ дар бахшҳои ғайринизомӣ метавон ба тақвияти сулҳу субот дар минтақа кӯмак кард. Аммо Русия, ки идомаи фаъолияти Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО-ро ба унвони бозуи низомии Ғарб ба зарари Шарқ ва густариши фаъолияти онро то марзҳояш муҳосираи Русия медонист, ба фаъолияти амниятии Созмони Шанхай таъкид дошт. Зуҳури гурӯҳи террористии ДИИШ дар солҳои ахир ва мушаххас шудани моҳияти он ба унвони абзори дасти Амрико ҷиҳати густариш додани ифротгароию терроризм то Осиёи Марказӣ ва Қафқоз боис шуд, Чин низ, ки ҳамкориҳои иқтисодиро дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон бартар медонист, ба самти ҳамкориҳои низомию амниятӣ гароиш пайдо кунад. Дар ҳамин ҳол, муваффақиятҳои Русия дар мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия то ҳадди зиёде боиси тақвияти қудрати Созмони Ҳамкориҳои Шанхай шудааст. Дар ин шароит, Чину Русия ба унвони ду узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милал ба ин натиҷа расидаанд, ки бо рушди ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар бахшҳои амниятӣ, иқтисодӣ, бозаргонӣ ва энержӣ метавонанд бо коҳиш додани вобастагии худ аз Ғарб то ҳадди зиёде дар таҳаввулоти байналамилалӣ таъсиргузор бошанд. Ба ҳамин далел Кремл имзои беш аз 20 санади ҳамкорӣ миёни Русия ва Чинро дар ҷараёни сафари нахуствазири ин кишвар ба Маскав рӯйдоди муҳиму навидбахш дар равобити ду кишвар арзёбӣ кардааст.
Аз дидгоҳи коршиносони сиёсӣ, бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо зидди Русия рушди робитаҳои ин кишвар бо Чин барои мубориза бо таҳримҳо барои Маскав бисёр муҳим аст ва ҳамчун баёнгари дарки шароити сахти феълӣ аз сӯйи Чину Русия, зарурати ҳамкории ду кишвар барои мубориза бо зиёдаравии Ғарб пазируфта мешавад. Дар ин ҳол, ихтилофҳо дар сарзамини Чин, дар баҳри Чини Ҷанубӣ ва баҳри Чини Шарқӣ бо ҳамсоягонаш фурсати муносиберо барои Амрико фароҳам кардааст, то бо ҳимоят аз онҳо дар баробари Пекин мавқеияти низомии худро наздик ба марзҳои Чин пурзӯр кунад. Масъалаи Кореяи Шимолӣ ва мухолифатҳои он бо Амрико боис шудааст, ки ин кишвар барои афзоиши ҳузури низомияш дар Ҷопону Кореяи Ҷанубӣ дар садади истиқрори сомонаи мӯшакии THAAD дар ин кишварҳо шавад, ки бо ин иқдомаш Пекинро хашмгин кардааст.
Ба ҳар ҳол, тавсеаи ҳамкориҳои роҳбурдии Чин ба унвони қудрати иқтисодии дувуми ҷаҳонӣ ва Русия ба унвони рақиби низомию ҳастаии Амрико метавонад занги хатарро барои ин кишвар дар мавриди эҷоди блоки қудратманди Шарқ дар баробари Ғарб ба садо даровард. Қобили пешбинӣ аст, бо шиддат гирифтани нигарониҳои Чину Русия дар мавриди таҳдидҳои террористӣ дар минтақа, бахусус аз ҷониби Афғонистон равобити Москаву Пекин дар оянда бештар тавсеа меёбад.