Пирӯзии Трамп ва қиёми тӯдаҳои хашмгин дар Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i7606-Пирӯзии_Трамп_ва_қиёми_тӯдаҳои_хашмгин_дар_Амрико
Доналд Трамп баъд аз моҳҳо суханронӣ дар ҳимоя аз осебдидагони буҳронҳои бешумори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ роҳии Кохи Сафед шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 09, 2016 17:08 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии Трамп ва қиёми тӯдаҳои хашмгин дар Амрико

Доналд Трамп баъд аз моҳҳо суханронӣ дар ҳимоя аз осебдидагони буҳронҳои бешумори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ роҳии Кохи Сафед шуд.

Пирӯзии Трамп баръакси бисёре аз пешбиниҳо, назарсанҷиҳову назарҳои таҳлилгарони улуми сиёсию иҷтимоӣ ҳосил шуд. Бо ин ҳол, ин иттифоқ қобили дарк аст. Вақте эълом мешавад, ки "рӯъёи амрикоӣ" дар Амрико фурӯ рехта, сатҳи эътимоди умумӣ ба ниҳодҳои сиёсие чун раёсатҷумҳурӣ ва Конгресс ба шиддат коҳиш ёфтааст, мешавад интизор дошт, ки рӯзе ин хашми умумӣ сар боз накунад? Ин иттифоқ рӯзи сешанбе, 8 ноябри соли 2016 рух дод.

Интихоботи соли 2016 хилофи аксари интихоботҳои гузаштаи Амрико ҷидоли ҳизбӣ барои соҳиби курсии риёсатҷумҳури ин кишвар шудан набуд. Гарчи ҳамин курсӣ низ барои ҷараёну ҳизбҳои сиёсии Амрико аҳамият дорад, аммо аз диди анбуҳи раъйдиҳандаҳои амрикоӣ, он гурӯҳе, ки нодида гирифта шуда буданд, ё садое барои фарёд задан надоштанд, ин интихобот ҷидол миёни маргу зиндагӣ буд. Акнун умеде дар дили миллионҳо амрикоӣ пайдо шудааст, ки масири пур аз иштибоҳи гузашта ислоҳ мешавад. Ҳомиёни Трамп умедвор ҳастанд, Трамп ба ваъдаҳои худ барои беҳбуд бахшидани вазъи иқтисодӣ, эҷоди ҷойҳои корӣ, пешгирӣ аз рӯ овардан ба хориҷ барои дарёфти кор ва коҳиши фитнаҷӯиҳову сарфи маблағ дар хориҷ аз ин кишвар амал кунад. Зимнан тибқи ваъдаҳои ӯ, бояд ихроҷи муҳоҷирони ғайрқонунӣ, пешгирӣ аз вуруди онҳо ба кишвар, муборизаи воқеӣ бо таҳдидҳои террористӣ, бо гурӯҳи ДИИШ дар дастури кори ҳукумати баъдии Амрико қарор гирад. Амал ба ҳар яке аз ин барномаҳо, он гуна ки Трамп ваъда додааст, метавонад масири ояндаи Амрикоро тағйир диҳад. Бо ин ҳол, ҳанӯз мушаххас нест, Трамп, воқеан, мехоҳад ё метавонад ба ин ваъдаҳо амал кунад.

Бар асоси суннати сиёсӣ дар Амрико, раисҷумҳурҳои интихобшуда бархе аз ваъдаҳои худро фаромӯш мекунанд, ё бо баҳонаҳое чун монеатарошии мухолифони ҳукумат аз амал кардан ҷиҳати иҷрои онҳо даст мекашанд. Аз ин рӯ, Трамп аз фардои рӯзи пирӯзӣ бисёре аз ин ваъдаҳои ҷанҷолӣ ва чолишбарангезро шояд канор бигузорад. Раисҷумҳури кунунии Амрико Барак Обама низ дар соли 2008 бо ваъдаҳое, чун таътили зиндони бадноми Гуантанамо, парҳез аз ҷангҳои фаромарзӣ ва ҳалли мушкили муҳоҷирони ғайрқонунӣ ба пирӯзӣ расида буд. Аммо ҳеҷ кадом аз ин ваъдаҳо амалӣ нашуд. Аз ин рӯ, метавон интизори сарнавишти ҳамсон барои бархе аз ваъдаҳои Трамп дошт.

Бо ин ҳол, ҳатто агар Трамп азми ҷиддӣ барои амал тибқи тамоми барномаҳои худ дошта бошад, бо муқовиматҳои шадид аз сӯйи он чӣ, ки худ пеш аз он ба унвони ташкилоти сиёсӣ-иқтисодии фосид дар Вашингтон ва Ню-Йорк ном мебурд, мувоҷеҳ мешавад. Қобили интизор аст, ки олигархияи ҳоким дар Амрико дар баробари қиёми тӯдаҳои хашмгин сари таслим фурӯ наоварад, бинобар ин ба шаклҳои мухталиф хостаҳои навзҳурро дар ҷомеа мунҳариф месозад, ё аз байн мебарад. Дар он сурат, амалӣ нагаштани ваъдаҳои Трамп метавонад хушунатҳои иҷтимоиро ба дунбол дошта бошад.