Ройзании Амрико бо Узбекистону Тоҷикистон барои анҷоми бархе ҳамалот дар Афғонистон
(last modified Sat, 30 Oct 2021 04:44:39 GMT )
Октябр 30, 2021 09:44 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Амрико бо Узбекистону Тоҷикистон барои анҷоми бархе ҳамалот дар Афғонистон

Муовини сиёсии вазири дифои Амрико гуфт, ин кишвар дар ҳоли ройзанӣ бо намояндагони Узбекистон, Тоҷикистон ва соири кишварҳо барои анҷоми ҳамлаи алайҳи гурӯҳҳои террористии фаъол дар Афғонистон аст.

Колин Коул, муовини вазири дифои Амрико дар умури сиёсӣ дар ҷаласаи Кумитаи Сенати Конгресси ин кишвар дар умӯри нерӯҳои мусаллаҳ, аз ройзании ин кишвар барои эҷоди шароит барои низомиёни ин кишвар ҷиҳати анҷоми ҳамалоти низомӣ алайҳи гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон, хабар дод.

Бинобар суханони вай, мақомоти Иёлоти муттаҳида дар ҳоли анҷоми ройзанӣ бо намояндагони Узбекистон, Тоҷикистону соири кишварҳо дар мавриди эҷоди шароит барои низомиёни амрикоӣ ҷиҳати анҷоми ҳамалот алайҳи гурӯҳҳои террористии фаъол дар Афғонистон ҳастанд.

Колин Коул ибрози итминон кард, ки низомиёни Иёлоти муттаҳида метавонанд бидуни ҳузур дар кишвар ба таври муассир ба террористҳо дар Афғонистон зарба бизананд.

Вай афзуд, мо талош мекунем то экосистемаи қавитаре барои ҳамла ба террористҳо бисозем, ки шомили бозигарони минтақаӣ мешавад.

Колин Коул тасреҳ кард, мо дар ҳоли ройзанӣ бо Узбекистон, Тоҷикистон ва соири кишварҳо ҳастем.

Коул хотирнишон кард, ки метавонад иттилооти бештаре дар мавриди ин мушовараҳо ва барномаҳо дар ҷаласоти ғайриаланӣ ироа кунад.