Баёнияи фарофиканонаи сарони 4 кишвари ғарбӣ дар бораи БарҶом
Сарони чаҳор кишвари Амрико, Британия, Фаронса ва Олмон рӯзи шанбе пас аз дидор дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Гурӯҳи 20 дар Италия ва гуфтугӯ дар бораи Эрону БарҶом баёнияи муштараке содир карданд. Онҳо аз Эрон хостанд музокироти ҳастаиро бо ҳусни ният азсар бигирад то замина барои бозгашти Теҳрон ва Вашингтон ба тавофуқи БарҶом фароҳам шавад.
Дар ин баёнияи чаҳорҷониба, бидуни ишора ба хурӯҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаии БарҶому тадовуми инфеъоли Аврупо дар қиболи тааҳҳудоташ дар баробари Теҳрон иддао шудааст: “мо азми худ барои итминон аз инки Эрон ҳаргиз натавонад ба тавсеаи силоҳи ҳастаӣ ва дастёбӣ ба он бипардозад, эълом кардему нигаронии шадид ва фазояндаамонро ҳам дар ин бора ба иштирок гузоштем”.
Баёнияи муштараки Амрико ва тройкаи аврупоӣ он ҳам дар бораи онки Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо музокироте дар заминаи баргузории даври ҳафтуми музокироти Вена дар моҳи ноябр доштаанд, нишонаи қасди ғарбиҳо барои эҷоди фазои равонӣ ва таблиғотӣ бо муттаҳамсозии Эрон ба фаъолиятҳои ҳастаӣ- низомӣ аст. Ҳадафи онҳо инаст, ки дар ҷараёни музокироти оянда хостаҳои зиёдаталабонаи худ, яъне густаришу тамдиди маҳдӯдиятҳои ҳастаӣ ва гунҷондани масоили фарои БарҶом-ӣ, яъне тавонмандии мушакӣ ва сиёсатҳои минтақаии Эронро амалӣ созанд. Сарони ин 4 кишвари ғарбӣ бавижа Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико зоҳиран фаромӯш кардаанд, ки Вашингтон муқассири вазъияти бунбасти кунӯнии БарҶом аст. Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Амрико дар майи 2018 эълом кард, ки Амрико ба таври якҷониба аз БарҶом хориҷ шуда ва барои водоштани Эрон ба қабӯли хостаҳои ғайриқонӯнии худ, бесобиқатарин таҳримҳоро дар чорчӯби корзори фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Теҳрон ба иҷро гузошт ва бо ҳар гӯна тарҳе барои ҳифзи БарҶом мухолифат варзид.
Ҷо Байден изъон карда, ки Трамп бо хурӯҷ аз БарҶом муртакиби иштибоҳ шуда ва иқдоме муғойир бо манофеи миллии Амрико анҷом дода ва Амрикоро мунзавитар кард. Бо ин ҳол, Байден дар амал аз ибтидои зимомдории худ, яъне январи 2021 токунӯн ҳам чунон ба эъмоли сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон идома дода ва бидуни ишора ба инки кадом давлат дар қиболи БарҶом хулфи ваъда карда ва аз он хориҷ шуда, бозгашти Амрико ба БарҶом-ро машрӯт ба иқдоми Теҳрон донистааст. Давлати Байден ҳатто таҳримҳои ҷадиде алайҳи Эрон эъмол кардааст.
Аврупоиҳо низ амалан пас аз хурӯҷи якҷонибаи Амрико аз БарҶом дар майи 2018 ҳеҷ иқдоми муассире барои ифои тааҳҳудоти худ зайли БарҶом ва низ барои коҳиши таъсиоти таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон анҷом надоданд ва танҳо ба шакли зоҳирӣ дар БарҶом ҳузур доштаанд ва ба навъе ба Эрон қарздор ҳастанд. Тройкаи аврупоӣ низ ба далели фишорҳои Амрико ва низ надоштани иродаи лозим, аз иҷрои тааҳҳудоти Барҷомии худ бавижа иҷрои муассири созу кори таъомули молӣ ва тиҷорӣ бо Эрон мавсӯм ба "INSTAX" худдорӣ кард.
Эрон дар вокуниш ба беамалии кишварҳои аврупоӣ дар панҷ гом тибқи мафоди БарҶом, тааҳҳудоти худ зайли БарҶом-ро коҳиш доду гомҳои фаробарҷомӣ, аз ҷумла афзоиши захоири уран, афзоиши сатҳи ғанисозӣ ва низ амалиётӣ кардани сентрифюжҳои ҷадидро бардоштааст. Теҳрон ҳам чунин дар ростои мусаввабаи Маҷлиси шӯрои исломӣ, иҷрои довталабонаи протоколи илҳоқиро мутаваққиф кардааст. Бо ин ҳол, ҳамаи ин иқдомот сирфан вокунише ба иқдомоти хасмонаи Амрико ва беамалии аврупоиҳо дар анҷоми тааҳҳудоти БарҶом-ии онҳост.
Ҳасани Биҳиштипӯр, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, аврупоиҳо наметавонанд қайди БарҶом-ро бизананд, онҳо ба дунболи ин ҳастанд, ки ба натиҷа барисанд, дар ҳоле, ки мушкили аслӣ Амрико аст.
Акнун туп дар замини ғарбҳо аст то ба ҷои гузаронидани вақт ва матраҳ кардани хостаҳои ғайримантиқӣ ва хилофи БарҶом, музокироти Венаро бо ҳадафи эҳёии БарҶом ва лағви таҳримҳо аз сар гиранд. Мусалламан дар сӯрати лағви таҳримҳои якҷонибаи зиддиэронии Амрико,Теҳрон омодаи иҷрои ду бораи тааҳҳудоти БарҶом-ии худ хоҳад буд.
Бештар бихонед: