Гутерриш беадолатӣ дар дастрасӣ ба воксани коронаро шарми ҷаҳонӣ донист
(last modified Tue, 02 Nov 2021 12:03:50 GMT )
Ноябр 02, 2021 17:03 Asia/Dushanbe
  • Гутерриш беадолатӣ дар дастрасӣ ба воксани коронаро шарми ҷаҳонӣ донист

Антониу Гуттерриш, дабири кулли Созмони Милал бо баёни ин ки расидани шумори қурбониёни корона дар ҷаҳон ба беш аз панҷ миллион нафар танҳо як адад нест, изҳор дошт, ки беадолатӣ дар дастрасӣ ба воксани корона шарми ҷаҳонӣ аст.

Вай ҳамчунин эълом кард, панҷ миллион қурбонии корона бояд як ҳушдори  ошкор ба мо бошад то эҳтиётро фаромӯш накунем.

Мо ҳамчунон шоҳиди афзоиши қурбониёну бемористонҳои пуртараддуд ва кадри дармони хаста ҳастем.

Дабири кулли Созмони Милали бори дигар аз раҳбарони ҷаҳон хост то аз стратегияи ваксинатсияи ҷаҳон ҳимоят кунанд.

Вай гуфт: Мо бояд то поёни соли ҷорӣ ба 40 дарсад аз ҷамъияти ҳамаи кишварҳо ва то поёни соли 2022 ба 70 дарсад аз ҷамъияти кишварҳо воксан тазриқ кунем.

Бар асоси омори ҷаҳонӣ, Амрико, ки дар моҳҳои гузашта тавониста буд бо ваксинатсияи густарда густариши коронаро то ҳудуде контрол кунад, муҷаддадан бо шуюъи вируси ҷаҳишёфтаи Делта ва бозкушоии марокизи тиҷорӣ ва афзоиши тараддудҳо, бо раванди афзоиши мубталоён ва маргу мир мувоҷеҳ шудааст.

Бар асоси оморҳои мунташиршуда дар канори Амрико, раванди ибтило ва маргумири корона дар Бразилия низ раванди суъудиро тай мекунад ва ин кишвар дар ҷойгоҳи дуюмин кишвари бештарин маргумири бемории Ковид-19 -ро ба худ ихтисос додааст.

Тибқи оморҳои ироашуда тавассути вебсайти «Ворлд Метерз», пас аз Амрико, Ҳинд, Бразилия, Англия, Русия ва Туркия ба тартиб дорои бештарин мавориди ибтило ба бемории корона дар ҷаҳон ҳастанд.