Шарти Русия барои беҳбуди равобит бо Амрико
Нахуствазири Русия эълом кард, бозсозӣ ва аз саргирии ҳамкориҳои Маскав ва Вашингтон ба иқдомоти давлати ҷадиди Амрико бастагӣ дорад.
Ба гузориши ИРНА, Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия гуфт, агар мақомоти давлати ояндаи Амрико барои тавсеаи ҳамкориҳо бо Русия омодагӣ дошта бошанд, равобити пуртаниши ду кишвар беҳбуд хоҳад ёфт.
Нахуствазири Русия афзуд, давлати феълии Амрико омили буҳрон дар равобити Маскав ва Кохи Сафед будааст.
Ба гуфтаи Дмитрий Медведев, Русия ва Амрико бо барқарории равобит бино бар усули баробарӣ ва эҳтиром ба манофеъи ду кишвар, қодир ба убур аз марҳалаи душвори кунунӣ ва аз саргирии ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмиллалӣ ҳастанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ рӯзи чаҳоршанбе, дар паёме бо ишора ба равобити сарди ин кишвар бо Амрико дар даврони масъулият Барак Обама, раисиҷумҳури феълӣ, гуфт, бозсозии муносиботи ду кишвар осон нест, ҳар чанд музокирот дар ин маврид оғоз шудааст.
Доналд Трамп, рӯзи сешанбе 8 ноябри соли 2016 дар интихоботи риёсатҷумҳурии Амрико бар Ҳиллари Клинтон, рақиби демократи худ пирӯз ва ба унвони 45- умин раисиҷумҳури Амрико интихоб шуд.
Трамп дар даврони таблиғоти интихоботи худ ба амалкарди давлати Обама дар қиболи давлати Русия, интиқодотеро матраҳ кард ва ваъда дод, дар сурати пирӯзи дар ин интихобот равобит бо Русияро бозсозӣ кунад.