Дидори дабири Шӯрои амнияти миллии Русия ва раиси CIA дар Маскав
https://parstoday.ir/tg/news/world-i76364-Дидори_дабири_Шӯрои_амнияти_миллии_Русия_ва_раиси_cia_дар_Маскав
Дабири Шӯрои амнияти миллии Русия ва раиси CIA дар пойтахти Русия дидор карда ва дар мавриди равобити ду кишвар гуфтугӯ карданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Ноябр 03, 2021 15:46 Asia/Dushanbe
  • Дидори дабири Шӯрои амнияти миллии Русия ва раиси CIA дар Маскав

Дабири Шӯрои амнияти миллии Русия ва раиси CIA дар пойтахти Русия дидор карда ва дар мавриди равобити ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши ОРТ, Николай Петрушев, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия ва Вилям Бронза, раиси CIA дар Маскав дидор карда ва дар хусуси равобити Маскав ва Вашингтон гуфтугӯ карданд.

Дар баёнияе, ки сешанбе аз сӯи дафтари дабири Шӯрои амнияти миллии Русия мунташир шуд, бидуни зикри ҷузъиёте аз абъоди ин дидор омадааст: Николай Петрушев ва Вилям Бронза дар Маскав дидор карда ва ду тараф дар бораи равобити Русия ва Амрико гуфтугӯ карданд.

Бинобар ин гузориш, дар ин дидор ду тараф бар талоши худ барои беҳбуди равобит байни ду кишвар таъкид карданд. Равобите, ки Кремл пеш аз ин гуфта буд, ба бадтарин вазъият аз даврони Ҷанги сард табдил шудааст.