Ноябр 05, 2021 17:48 Asia/Dushanbe
  • Тасмими Туркия барои сохти ду турбинаи газӣ дар Узбакистон

Туркия дар назар дорад то соли 2024 дар Узбакистон ду турбинаи газӣ бисозад.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», ширкат «Çalik Energy»-и Туркия то соли 2024 мелодӣ дар маркази барқи ҳароратии Тошканд ду турбинаи газӣ бо зарфияти ҳар кадом аз 32 мегаватт месозад.

Маросими имзои қарордод байни Маркази барқи ҳароратии Тошканд ва ширкати «Çalik Energy»-и Туркия дар макони сохтмони ширкати саҳҳомии «Истгоҳҳои барқи ҳароратии Узбакистон» барпо шуд.

Арзиши кулли ин тарҳ 109 миллиону 243 ҳазор доллар аст, ки 81 миллиону 6 ҳазор доллари онро Туркия, 15 миллиону 460 ҳазор долларро худи корхона ва 12 миллиону 710 ҳазор доллари дигарро давлати Узбакистон таъмини молӣ мекунад.

Иҷрои ин тарҳи ҳамкорӣ миёни Туркия ва Узбакистон боиси афзоиши зарфияти тавлидии Маркази барқи ҳароратии Тошканд мешавад ва дар натиҷа ин корхона солона ба таври изофӣ 515 миллиону 600 ҳазор киловатт соат барқ ва 690 ҳазору 300 гигоколорий барқи ҳароратӣ тавлид хоҳад кард.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп