Шарти Русия барои беҳбуд ёфтани равобит бо Амрико
Нахуствазири Русия эълом кард, бозсозӣ ва азсаргири ҳамкориҳои Маскаву Вашингтон ба иқдомоти ҳукумати ҷадиди Амрико вобаста аст.
Ба гузориши ИРНА, Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия гуфтааст, агар мақомоти ҳукумати ояндаи Амрико барои рушди ҳамкориҳо бо Русия омодагӣ дошта бошанд, робитаҳои пуртаниши ду кишвар тағйир хоҳад ёфт. Нахуствазири Русия афзуд, ҳукумати феълии Амрико омили буҳрон дар равобити Маскав ва Кохи Сафед будааст. Ба гуфтаи Дмитрий Медведев, Русия ва Амрико бо барқарор кардани робитаҳое, ки дар онҳо усули баробарӣ риоя шавад ва манофеи ду кишвар мавриди эҳтиром қарор бигирад, қодир ба убур аз марҳалаи душвори кунунию азсаргирии ҳамкориҳои дуҷонибаву байналмилалӣ мешаванд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ рӯзи чаҳоршанбе дар паёме бо ишора ба равобити сарди ин кишвар бо Амрико дар даврони президентии Барак Обама, раисҷумҳури феълии Амрико гуфт, бозсозии муносиботи ду кишвар осон нест, ҳарчанд музокирот дар ин маврид оғоз шудааст.
Доналд Трамп рӯзи сешанбе, 8-уми ноябр дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бар Ҳиллари Клинтон, рақиби демократи худ пирӯз ва ба унвони 45-умин раисҷумҳури Амрико интихоб шуд. Трамп дар даврони таблиғоти интихоботии худ ба амалкарди ҳукумати Обама дар қиболи Ҳукумати Русия интиқодотеро матраҳ карда, ваъда дод, дар сурати пирӯзӣ дар ин интихобот равобити Амрикоро бо Русия тағйир медиҳад.