Мудохилаи ошкори Байден дар интихоботи Никарагуа
(last modified Mon, 08 Nov 2021 12:13:31 GMT )
Ноябр 08, 2021 17:13 Asia/Dushanbe
  • Мудохилаи ошкори Байден дар интихоботи Никарагуа

Раиси ҷумҳӯри Амрико таи суханони мудохилаҷӯёна муддаӣ шуд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии баргузоршуда дар Никарагуа ғайридемократӣ ва хилофи қонун аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри Амрико таи изҳороте дар ин робита муддаӣ шуд : Ончӣ Даниел Ортего-раиси ҷумҳӯри Никарагуа ва ҳамсараш Разарио Морио- муовини раиси ҷумҳӯр ба номи интихобот иҷро карданд, интихоботи намойишӣ буд.

Раиси ҷумҳӯри Амрико дар идома афзуд : Иёлоти Муттаҳида дар ҳамоҳангии наздик бо соири аъзои ҷомеъаи байналмиллалӣ аз тамомии абзорҳои диплумотӣ ва иқтисодии дар ихтиёри худ барои посухгӯ кардани давлати Ортего истифода хоҳад кард .
Байден давлати Никарагуаро муттаҳам кард, ки аз моҳи май наздик ба 40 чеҳраи мухолифи давлати ин кишвар, аз ҷумлаи номзадҳои эҳтимолии раёсати ҷумҳуриро зиндонӣ кардааст .
Иллати дахолатҳои Амрико дар умӯри Никарагуа ва ба таври куллӣ кишварҳои Амрикои Лотин ин аст, ки ин минтақа замоне ба унвони ҳаёти хилвати Иёлоти Муттаҳида маҳсӯб мешуд, аммо имрӯз бархе давлатҳо аз ҷумла Куба, Венесуэла, Боливия ва Никарагуа ба далели сиёсатҳои зиддистикборӣ ба чолиши ҷиддӣ барои пешбурди сиёсатҳои тавсеъаталабонаи Вашингтон дар Амрикои Лотин табдил шудаанд .



Бештар бихонед :