Ноябр 09, 2021 11:47 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз афзоиши чашмгири шумори гуруснагон дар ҷаҳон

Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид аз афзоиши чашмгири шумори гуруснагон дар ҷаҳон ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Барномаи ҷаҳонии ғизо, ки аз он ба унвони шохаи кумаки ғизоии Созмони Милали Муттаҳид ном бурда мешавад, рӯзи душанбе ҳушдор дод, ки бо афзоиши ноамнии ғизоии ҳод дар саросари ҷаҳон, теъдоди афроде, ки дар 43 кишвар дар остонаи қаҳтӣ қарор доранд, ба 45 миллион нафар расидааст.

Бар асоси эъломи Барномаи ҷаҳонии ғизо, шумори афроди дар маърази гуруснагии ҳод аз 42 миллион нафар дар оғози сол ба 45 миллион нафар дар ҳоли ҳозир, бо арзёбии ҷадиди ноамнии ғизоӣ ошкор шудааст.

Тибқи ин гузориш, акнун се миллион нафари дигар дар Афғонистон бо хатари қаҳтӣ ва гуруснагӣ мувоҷеҳ ҳастанд.

Дейвид Бесли, мудири иҷроии Барномаи ҷаҳонии ғизо бо баёни ин ки даҳҳо миллион нафар дар лабаи партгоҳи гуруснагӣ қарор доранд, афзуд: Даргириҳо, тағйироти обу ҳавоӣ ва Ковид - 19 теъдоди афроди дар маърази қаҳтии ҳодро афзоиш додааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп