Дархости Михаил Горбачев аз сарони Русия ва Амрико
Михаил Горбачев, охирин раҳбари собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ дар вокуниш ба пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико аз сарони Маскав ва Вашингтон хост, масири гуфтугӯро дар пеш бигиранд.
Ба гузориши хабаргузории “Синхуа”, Горбачев гуфтааст, “мӯътақидам, ки раисҷумҳури мунтахаби Амрико ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба хубӣ аз уҳдаи ҳалли масоил ва посух додан ба чолишҳои мавҷуд бармеоянд, аз ин рӯ, аз онҳо мехоҳам ба дунболи мағлуб кардани якдигар набошанд ва масири гуфтугӯро дар пеш бигиранд”. Ӯ афзуд, рӯйкарди хасмона миёни Амрико ва Русия ғайриқобили қабул аст ва сиёсатмадорони ду кишвар бояд ба чунин рӯйкард поён диҳанд.
Охирин раҳбари ИҶШС гуфт, ҳам Русия ва ҳам Амрика бояд ба суду манофеи муштараки худ гом бардоранд ва агар мақомоти ҷадиди Кохи Сафед дар ин амр ҷиддӣ бошанд, он гоҳ метавон барномаҳои босуботеро барои дарозмуддат дар пеш гирифт.