Ноябр 10, 2016 21:04 Asia/Dushanbe

Пас аз эъломи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бархе аз шаҳрҳои ин кишвар шоҳиди тазоҳуроти хиёбонӣ алайҳи Доналд Трамп буданд.

Дар иёлатҳои Пенсилвания, Калифорния, Вашингтон ва Орегон садҳо тан аз занон, ҷавонон, донишҷуён ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ таҷаммуъҳои эътирозӣ баргузор карданд. Гирдиҳамомадагон алайҳи тарҳҳои нажодпарастона, муҳоҷирситезона ва муҳофизакоронаи Трамп эътироз карданд. Онон ҳамчунин ба ин ки Трамп бо раъйи мардуми камтаре дар муқоиса бо Ҳиллари Клинтон, номзади шикастхӯрдаи демократҳо роҳии Кохи Сафед шудааст, мухолифат карданд.

Коршиносон муътақиданд, раванди интихоботи Амрико баёнгари эътирози мардуми ин кишвар ба сиёсатҳои Вашингтон ва сохтори сиёсии Амрико буд...

Муаллифи гузориши вижае, ки шунидед, ҳамкорамон оқои Неквазр аст.