Иддаои Байден дар бораи фурӯши нафти Эрон ; нигоҳи хасмонаву хилофи воқеъ
(last modified Sat, 13 Nov 2021 11:39:35 GMT )
Ноябр 13, 2021 16:39 Asia/Dushanbe
  • Байден : Арзаи нафт дар бозори ҷаҳонӣ он қадар ҳаст, ки кишварҳо хариди худ аз Эронро коҳиш диҳанд
    Байден : Арзаи нафт дар бозори ҷаҳонӣ он қадар ҳаст, ки кишварҳо хариди худ аз Эронро коҳиш диҳанд

Ҷо Байден-раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи ҷумъа дар ёддоште барои Вазорати умӯри хориҷаи ин кишвар муддаӣ шуд, ки арзаи нафту фаровардаҳои нафтӣ дар бозори ҷаҳонӣ он қадар ҳаст, ки дигар кишварҳо битавонанд харидҳои худро аз Эрон коҳиш диҳанд.

Ҷо Байден дар ин ёддошт навишт : « Арзаи кофии нафту фаровардаҳои нафтӣ аз кишварҳоеи ғайр аз Эрон, ки иҷозаи коҳиши қобили тавваҷуҳи ҳаҷми хариди нафту фаровардаҳои нафтӣ аз Эрон  тавассути ниҳодҳои молӣ ё аз тариқи онҳоро бидиҳад, вуҷуд дорад . »
Кохи Сафед муваззаф аст ҳар шаш моҳ таъйид кунад,ки барои ҳифзи таҳримҳое, ки давлати Обама дар соли 2012 алайҳи Эрон эҷод кард, арзаи кофии нафт дар бозори ҷаҳонӣ вуҷуд дорад .
Номаи Байден ба вазорати хориҷаи ин кишвар дар марҳалаи кунунӣ, ки қарор аст ҳафтумин даври музокироти Вена байни Эрон ва гуруҳи 4+1 дар ростои лағви таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон сурат гирад, дар воқеъ нишонаи дигаре аз нияти бади Вашингтон ва тамоюли воқеии он барои тадовуми таҳримҳои Эрон маҳсуб мешавад .
Аз сӯи дигари иддаои Байден дар бораи арзаи кофии нафт дар бозорҳои байналмиллалӣ ва адами ниёз ба нафти Эрон бархилофи воқеъиёти кунунӣ аз ҷумла дархости ахири вай аз ОПЕК плюс барои афзоиши фаврӣ ва қобили тавваҷуҳи тавлиди нафт ба манзури коҳиши баҳои он аст, ки албата бо посухи манфии ОПЕК плюс рӯбарӯ шуд .
Ҳадафи Амрико аз эҷоди чандбораи таҳримҳои нафтӣ, ки бори аввал дар давлати Обама дар соли 2012 ва бори дувум бо хурӯҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаии Барҷом тавассути давлати Трамп ва эҷоди шадидтарин таҳримҳо дар қолаби корзори фишори ҳаддиаксарӣ дар ноябри 2018 алайҳи Эрон эълом шуд, мамониат аз содироти нафтии Эрон ва маҳрум сохтани он аз даромадҳои нафтӣ будааст . Ҳар чанд ба дунболи ин таҳримҳо бисёре аз кишварҳо харид аз Эронро мутаваққиф карданд, аммо содироти нафтии Эрон ба шеваҳои мухталиф ва бо давр задани таҳримҳои Амрико ҳамчунон идома ёфтааст . Ба ҳамин далел на давлати Трамп ва на давлати Байден натавонистаанд дар ин замина ба муваффақияти қобили таваҷҷуҳе даст ёбанд ва содироти нафтӣ ва фаровардаҳои нафтии Эрон ҳамчунон ба шеваҳои мухталиф ҷараён доштааст .
Барағми талошҳои бисёри Амрико аз ҷумла таҳдиди дигар кишварҳо ба  муҷозотҳои шадид алайҳи онҳо дар сурати хариди нафти Эрон, бархе аз харидорон беэътино ба ин таҳдидҳо, ҳамчунон ба хариди нафт аз Эрон идома медиҳанд . Ба унвони мисол Чин таи се моҳи гузашта ба таври миёна рӯзона наздик ба 800 ҳазор бушкаи нафт аз Эрон ворид карда, ки тақрибани ду баробари муддати замони мушобеҳ дар соли гузашта аст .

Корин Голдштейн - як мутахассиси таҳримҳо бо ишора ба беасар шудани тадриҷии таҳримҳои Амрико мегуяд : Агар Амрико саъй кунад аз таҳрим барои ҳама чиз истифода кунад ва талош кунад ба бақия дунё бигӯед чӣ коре бояд анҷом диҳанд ва чӣ накунанд, дар марҳилае аз замони дигар кишварҳо метавонанд ҷилави он биистанд ва бигӯянд : Дигар бароямон бас аст .

Аз сӯи дигар Эрон тавонистааст барағми тадовуми таҳрими нафтӣ аз сӯи Амрико мизони захоири арзии худ ношӣ аз фурӯши нафт, маҳсулоти нафтӣ ва петрошимиро ба мизони қобили таваҷҷӯҳе афзоиш диҳад . Сандӯқи байналмилалии пул дар гузорише эълом кард,ки захоири арзии Эрон аз 4 миллиард доллар дар соли гузашта ба 31 миллиард доллар дар соли ҷорӣ расидааст, ки нишон медиҳад Эрон ба муваффақиятҳое дар бархурд бо таҳримҳои иқтисодии Амрико ноил омадааст .
Ҳамчунин дигар гузоришҳо нишон медиҳад, ки даромади арзии давлати Эрон аз поёни соли 2020 то кунун беш аз 700 дарсад афзоиш ёфта ва ҳудуди 8 баробар шудааст, ки таъйиди дигаре бар беасар будани таҳрими иқтисодии Амрико бо афзоиши фурӯши ҳомилҳои энержӣ аст . Дар воқеъ Амрико дар бораи таъсири таҳримҳо алайҳи Эрон ба вижа дар бахши нафт дучори хушбинии ифротӣ буда ва акнун пас аз се сол аз ин таҳримҳо ,Теҳрон ҳамчунон ба содироти нафтӣ ва фаровардаҳои нафтӣ идома медиҳад . /



Бештар бихонед :