Путин: Беҳбуди равобит бо Амрико мумкин, аммо душвор
(last modified Fri, 11 Nov 2016 14:02:51 GMT )
Ноябр 11, 2016 19:02 Asia/Dushanbe
  • Путин: Беҳбуди равобит бо Амрико мумкин, аммо душвор

Раиси ҷумҳурии Русия эълом кард, беҳбуд ва эҳёи равобити дуҷониба бо Амрико бо коҳиши танишҳо мумкин аст, аммо кори содае нест.

Ба гузориши ИСНА, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия имрӯз-ҷумъа гуфт, бо тавваҷуҳ ба танишҳои феълӣ дар равобити Русияву Амрико, беҳбуди равобити дуҷониба сода нахоҳад буд.

Раиси ҷумҳурии Русия афзуд, мушкилу монеаи аслӣ барои густариши равобит, иқдомоти Кохи сафед буда, аммо Маскав барои эҳёи равобит бо Вашингтон омодааст.

Сергей Рябоков, муовини вазири умури хориҷаи Русия низ гуфтааст, ки тамосҳои Маскав бо наздикони Трамп ҳамчунон идома дорад.

Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ рӯзи сешанбеи 8 –уми ноябри соли 2016 тавонист дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико бо пирӯзӣ бар рақиби демократаш Ҳиллари Клинтон, чиҳилупанҷумин раиси ҷумҳурии Амрико шавад.

Трамп, раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико ҳамвора бар коҳиши таниш бо Русия ва ҳамкории дуҷониба барои ҳалли масоили минтақаӣ ва ҷаҳонӣ таъкид кардааст.