Эътирофи нави Пентагон: Болгарди эронӣ ба нови амрикоӣ наздик шуд
Ҷон Карби, сухангӯи Пентагон эълом кард, ки як болгарди эронӣ ба нови амрикоӣ дар дарёи Уммон наздик шуда буд.
Ҳузури мудохилаҷӯёнаи новҳои амрикоӣ дар обҳои минтақаи Ховари Миёна ва ҳазорон километри дуртар аз обҳои минтақаи Амрико, аз ҷумлаи иқдомоти ноамнкунандаи Вашингтон дар Ховари Миёна ба шумор меравад.
Сухангӯи Пентагон рӯзи душанбе дар нишасте хабарӣ дар Вашингтон афзуд, ки ин болгард се бор ба даври киштии ҷангии амрикоӣ наздик шудааст ва хадамаи киштӣ иқдомоти муҳофизатии лозимро анҷом додаанд.
Ин мақоми Пентагон муддаӣ шуд, ки Вашингтон бар асоси қонунҳои байналмилалӣ ба амалиётҳои худ идома хоҳад дод ва аз манофеи миллии худ дар минтақа дифо хоҳад кард.
Карби дифои болгардҳои эронӣ аз ҳарими ҷумҳурии исломиро дар идомаи иддаоҳои худ хатарнок хонд ва гуфт, ки метавонад ба сӯмтафоҳум ва иштибоҳ дар муҳосибот мунҷар шавад.
Вай бо баёни ин ки мавзуъ ба шакли мусолиматомез ба поён расид, дар идомаи иддаоҳои худ ва тавҷеҳи ҳузури ғайриқонунии низомии Амрико дар минтақа муддаӣ шуд, фармондеҳони мо ҳаққи дифоъ аз худро доранд ва дар замони хос худ тасмимгирӣ мекунанд.
Бештар бихонед: