Ноябр 19, 2021 20:12 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Путин ва Лукашенко аз вуҷуди хушунат алайҳи паноҳҷӯён дар марзи Полша

Раисони ҷумҳурии Русия ва Беларус дар гуфтугӯи телефонӣ аз эъмоли  хушунати Полша алайҳи паноҳҷӯён дар марзи ин кишвар интиқод карданд.

Владимир Путин ва Александр Лукашенко, раисони Ҷумҳурии Русия ва Белорус дар гуфтугӯи телефонӣ бо меҳварияти таниш дар марзи Полшаву Беларус бар сари буҳрони паноҳҷӯён, дар бораи иқдомоти ғайриқобили қабули давлати Полша дар қиболи паноҳҷӯён, аз ҷумла истифодаи марзбонони ин кишвар аз таҷҳизоти вижа барои саркӯби паноҳҷӯён интиқод карданд.

Раисони ҷумҳурии Русия ва Беларус дар ин гуфтугӯи телефонӣ ҳамчунин бар аҳамияти эҷоди ҳамкорӣ байни ин кишвар ва Иттиҳоди Аврупо барои ҳалли таниш дар марзи Полшаву Беларус бар сари буҳрони паноҳҷӯён таъкид карданд.

Лукашенко дар ин гуфтугӯи телефонӣ аз иқдомоти анҷомшуда аз сӯи Беларус барои коҳиши таниш ва ироаи кумакҳои башардӯстона ба паноҳҷӯён хабар дод.

Ин дар ҳоле аст, ки Полша ба сурати рӯзафзун қавоиди шадидтаре алайҳи паноҳҷӯён ба кор мебарад.

Дар пайи афзоиши вуруди паноҳҷӯён аз Беларус, ду кишвари Полша ва Литва дар марзҳои худ бо он кишвар, вазъияти фавқулода эълом кардаанд.

 

Барчасп