Ноябр 23, 2021 17:16 Asia/Dushanbe
  • Нобудии як панҷуми дарахтони ғӯлпайкари ҷаҳон дар оташ

Сӯхторҳои ҷангалӣ як панҷуми дарахтони ғӯлпайкар ва куҳансоли ҷаҳонро нобуд кардааст.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Си Эн Эн, сӯхторҳои густардаи ҷангалӣ таъсироти вайронгаре бар муҳити зист, ҳаёти инсон ва гунаҳои гиёҳиву ҷонварӣ бар ҷо гузоштааст.

Дар ин миён, гузориши такондиҳандае дар бораи осори маргбори оташсӯзиҳои ҷангалӣ бар насли гунае аз дарахтони мавсум ба сурхчӯб мунташир шуда, ки аз хонаводаи дарахти коҷ аст. Ин дарахт сурхчӯб ном дорад ва бо асомии дигаре аз қабили дарахти ғӯл, дарахти мамонт ва сурхчӯби ғӯлпайкар низ шинохта мешавад.

Бар асоси гузорише ҷадид, оташсӯзиҳои ҷангалӣ ҳудуди бист дарсад аз сурхчӯбҳои ғӯлпайкару куҳансоли ҷаҳонро нобуд кардааст.