Ноябр 27, 2021 11:39 Asia/Dushanbe
  • Кашфи яке аз хатарноктарин навъҳои корона дар Африқо

Аз Африқои Ҷанубӣ хабар мерасад, ки навъи ҷадиде аз бемории Ковид-19 дар ин кишвар ва чанд кишвари дигари Африқо шиносоӣ шуд, ки бисёр нигаронкунанда аст.

Ба гузориши хабаргузории Евранюз, донишмандон аз асарбахшии воксанҳои зидди Ковид алайҳи ин навъи ҷадиди корона мутмаин нестанд.

Ин навъи ҷадид бо теъдоди болои ҷаҳишҳои он метавонад асарбахшии воксанҳои мавҷудро таҳдид кунад.

Тулив Эливиро, вирусшинос гуфт: Мутаассифона мо навъи ҷадидеро шиносоӣ кардем, ки дар Африқои Ҷануби нигаронкунанда аст.

Ба гуфтаи донишмандони Африқои Ҷануби, ки пеш аз ин навъи "Бато" дар ин кишвар шиносоишуда буд, навъи ҷадид бо номи B.1.1.529 дорои теъдоди бисёр зиёд ҷаҳиш аст.

Бо ин ҳол дар ин марҳала донишмандон аз асарбахшии воксанҳои зиди Ковид алайҳи ин навъи ҷадиди вирус мутмаин нестанд.

Вазири беҳдошти Африқои Ҷануби ҳам гуфт: Ин навъ бедуни шак маншаи афзоиши "тасоъуди" ибтилоҳо дар ҳафтаҳои ахир дар ин кишвар аст.

Токунун наздик ба 59 мавриди ибтило ба ин вирус дар Лесото, Эсватини, Ботсвана, Намибия ва Зимбабве дар ҷануби Африқо гузориш шудааст аз инру Британя тамоми парвозҳо аз ин шаш кишварро фавран мутавақиф кардааст.

Вазири беҳдошти Британя гуфтааст донишмандон амиқан нигарони вирусҳои ҷаҳишёфтаи тоза ҳастанд аммо барои итминон аз иттилооти худ ба замони бештаре ниёз доранд.

Ба гуфтаи ин мақоми Британя, навъи тозаи вируси корона чанд ҷаҳиши муҳим дорад, ки эҳтимолан ду баробари ҷаҳишҳои навъи "Делта"-и ин вирус аст ва ҳамин қобилият интиқоли онро афзоиш медиҳад.

 

Барчасп