Фаучи аз эҳтимоли расидани « Омикрон » ба Амрико хабар дод
Мушовири Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри Амрико аз эҳтимоли расидани гунаи ҷаҳишёфтаи вируси корона мавсӯм ба Омикрон ба Амрико хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Энтони Фаучи-мушовири вижаи Ҷо Байден-раиси ҷумҳури ин кишвар дар ҳавзаи мубориза бо короно аст, изҳор кард : Гуна ҷадиди вируси корона мавсум ба Омикрон борҳо дучори ҷаҳиш шудааст ва бо таваҷҷуҳ ба дафъаҳои ҷаҳишҳо аҳтмолан ин гунаи ҷадид аз вируси корона қобилияти сирояти бештаре дорад .
Фаучи афзуд : Таъаҷҷубе надорад агар ин гӯна аз вируси коронаро дар Амрико мушоҳида кунем.
Вай идома дод: Мо ҳануз ин гунаро дар Амрико шиносоӣ накардаем, аммо вақте вирусеро мебинем, ки то ин андоза қобилияти сирояти зиёд дорад ва бо сафари мусофирон ба Белгияву кишварҳои дигар расидааст,эҳтимолан ин вирус дар ниҳоят ба ҳамаи ҷо хоҳад расид .
Хостгоҳи сӯяи ҷадид аз вируси корона ба номи Омикрон дар Африқои ҷанубӣ аст .
Давлати Байден эълом кардааст, ки аз рӯзи душанбе сафари мусофирон аз кишварҳои Африқои ҷанубӣ, Лесото, Исватани, Мозамбик, Намибия, Зимбабве, Ботсвана ва Малави ба Амрико мамнӯъаст .
Шумори дигаре аз кишварҳои ҷаҳон низ мамнӯъияти сафар аз ин кишварҳоро эълом кардаанд .